БАДАХШОН МАКОНИ АМНУ ПУРФАЙЗ АСТ

Пас аз сафари кории Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки тирамоҳи соли 2018 баргузор шуда буд, бисёр дигаргуниҳо дар ин макон дар назар расида истодааст.

Гарчанде дар баъзе шаҳру навоҳии ин минтақа гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ хеле фаъол буданд, дар як давраи хеле кутоҳ аз байн бурда шуд. Қисми зиёди ин гурӯҳҳо ба фурушу истеъмои маводи мухаддир машғул буданд. Баъзеашон бо фуруш ва истифодаи яроқҳои оташфишон. Аммо бо саъю муборизаҳои сохторҳои амниятию қудратӣ хушбахтона ин гуна ҷинояткорону авбошон ба зудӣ дар ин минтақа дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Қисме аз шахсоне, ки дар худ яроқҳои оташфишонро нигоҳ медоштанд, оварда ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ ин минтақаро тинҷию осудагӣ сулҳу ваҳдат фаро гирифт. Ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар дили ҳар як пиру ҷавон аз пештара дида зиёд пайдо гардид. Дар ҳар мавсими сафарбарнамоии даватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ дар ин минтақа дар рӯзҳои аввали мавсим нақша аз 100% зиёдтар иҷро мегардад. Дар 2 соли охир ҷавонони варзишгарони ин минтақаи балландкӯҳ ба мисли Сомон Маҳмадбеков ва дигарон дар чемпионатҳои умумиҷаҳонӣ иштирок намуда, дар  ҳар намуди варзишҳои гӯштини тарзи самбо ва дзюдо рутбаҳои қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуданд. Гӯё ки Худованд ба ин мулк як назари файзборе кардааст.

Дар ҳар семинару машваратҳо, мизҳои мудаввар, телевизиону радио ҷавонони ин мулк бе тарсу ҳарос баромад карда, аз қаҳрамонию ҳидоятҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сар карда, то ҷавонмардию далерии ҳар як шахси ватандӯсти ин кишвари бузургамон суханронӣ менамоянд. Хусусан аз ҷавонони худи ин минтақа, ки чи гуна бар зидди терроризму экстремизм, зидди маводи мухаддир, пешгирии дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза бурда истодаанд. Ҳаракатҳои фаъолонаи ин гуна ҷавонони Помирзамин албатта бенатиҷа нест. Ҳатто иқдомҳое, ки онҳо пеш гирифтаанд, барои баъзе ҷавонони дигар минтақаҳои тоҷикзамин намунаи ибрат шуда истодааст. Ҳатто баъзе ҷавонмардони ба ору номуси ин минтақа, ки имрӯзҳо дар дигар шаҳру давлатҳои Аврупову Амрико зиндагӣ доранд, барои ятимону бепарсаторони Бадахшонмулк туҳфаву дастгирии молиявии худашонро расонида истодаанд.

Аҳсан ба Шумо, мардуми Бадахшон! Шумо тавонистед, ки аввалан сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амалл татбиқ намоед. Дар як лаҳзаи кутоҳ тавонистед дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тинҷиву осудагиро дар байни мардуми худ фароҳам оваред. Тинҷию амонии мардуми Шумо -  осоишта будани тамоми тамоми халқи тоҷик аст. Шумо ҳам як сутуни миллати тоҷик ҳастед. Мо бо Шумо барин ҷавонмардони далеру қаҳрамон ифтихор дорем. Шумо тавонистед!

Тоҷиддин, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест