ВАЗЪИ МАРЗИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

Дар созишномаи марзӣ ҳангоми сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Қирғизистон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи сарони СПАД (Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ) ба Бишкек, ки 28 ноябри соли равон баргузор шуд ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба баррасӣ гирифта шуда, ҷонибҳо ризоияти худро аз он изҳор дошта буданд.

Он чӣ имрӯз дар марзи ду кишвар иттифоқ меафтад, кӯшиши бархе доираҳои мухолифи ин созишнома дар Қирғизистон аст. Тамоми иттифоқоте, ки 15 рӯзи ахир дар марзи ду кишвар меафтанд, маҳз пас аз ин тавофуқи қаблӣ шурӯъ шуданд ва пушти он ҳама мақомоти амниятии қирғиз қарор доранд. Дар асл Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳо ин равандро ба анҷом расонида, мунтазири ба имзо расидани ин санади таърихӣ аз сӯи раҳбарони кишварҳо нишастааст. Шурӯъ аз 5 декабр ба ин сӯ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як силсила ҳаводисе рух медиҳанд, ки дигарбора мавзӯъи ин баҳси 30 – соларо дар расонаҳо доғ кардааст.

Дар маҳалҳои наздимарзии тоҷику қирғиз бошад, дар минтақаҳои Воруху Чоркӯҳ нооромиҳо рӯз ба рӯз ба амал меоянд. Аз 5 ба 18 декабр ин амалҳо пайдарпай анҷом ёфт. Сокинони маҳаллаи деҳаи Сомониёни Ҷамоати Чоркӯҳ дар он назаранд, ки тамоми ин амалҳои ғаразноку иғвогарона ва харобиовар бевосита аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ ва худи марзбонони Қирғизистон ташкил, роҳбарӣ ва идора карда мешавад.

5 декабр - як сокини деҳаи Оқсой дар марзи деҳаи Ворухро марзбонони тоҷик боздошт карданд ва қирғизҳо мусофирони се микроавтобус ва зиёда аз 20 мошини сабукравро дар майдони назди қисми низомиашон чун гаравгон нигаҳ доштанд.

11 декабр -гурӯҳии марзбонони мусаллаҳи қирғиз дар маҳаллаи Сомониён ба марзи Тоҷикистон ворид шуда, монеъи деҳқонони Чоркӯҳ шуданд.

14 декабр - сокинони маҳаллаи Кӯк-Тоши деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд шишаҳои тирезаҳои мағоза ва шиферҳои боми нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро сангборон карда, барқасдона шикастанд.

16 декабр - шишаҳои мошини сокини маҳаллаи Сомониёнро шикаста, ба ӯ хисороти моддию молиявӣ расониданд. Тавре шоҳидони ҳодиса изҳор медоранд, соҳибмулки мағоза ва нонвойхона ин иншоотҳоро бо мақсади хизматрасонӣ ва осон кардани мушкилоти сокинони деҳоти наздисарҳадии ҳарду ҷониб сохта буд ва аз он сокинони маҳаллаи Кок-Тош низ истифода мебурданд. Мутаассифона, ба иншоотҳои номбурда таҳти сарварии сарҳадбонони кишвари ҳамсоя хисорот расонида шуд ва субҳи рӯзи 16 декабри соли 2019 амали харобкорона нисбати мошини шахсии шаҳрванд Урмониддин Сафаров низ таҳти роҳбарии командири дидбонгоҳи сарҳадии Кӯк-Тоши ноҳияи Бодканд Мирбек Султонбаев сурат гирифтааст.

Бойматов А, сармуҳаррири маҷаллаи “Минбари Омӯзгор”

 

Ҳеҷ овозе нест