ИШҚОБОД. АНДЕШАҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

“Бешубҳа, мо тамоми талошро кардем, ки кӯдаконро наҷот диҳем, аммо дар миёни мардуми кушташуда шуморе аз кӯдакону занон буданд. Онҳо ба мо интихоби дигар нагузоштанд.»-гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Ёдрас менамоем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 декабр аз ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел дар суҳбат бо хабарнигоронтаъкид кардааст, ки террористон кӯдакону занонро барои анҷоми ин ҳамла истифода карданд.

Шаби 6 ноябр гуруҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи «Ишқобод» дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла кард.

Тибқи иттилои расмӣ, бар асари задухӯрд миёни гуруҳи мусаллаҳ ва неруҳои давлати Тоҷикистон 15 ҷангҷӯи гуруҳи «Давлати исломӣ» кушта шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи дастгиршудаҳоро 4 нафар гуфта буд.

Дар мавриди теъдоди занону кӯдакони кушташуда маълумоте ироа нашудааст.

Дар ин мавзӯъ як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Русия зимни шарҳи ҳамла ба постгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки вуруди террористон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти Русияро зери хатар хоҳад бурд.

Замир Кабулов, директори департаменти Осиёи ВКХ Русия ба нашрияи “Известия” гуфтааст, ки ҳама гуна ҳамалоти террористӣ бояд қабл аз вуқӯъ хунво ва пешгирӣ шавад. Ӯ таъкид кардааст, ки Русия дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД) ба шариконаш дар минтақа кумак хоҳад кард.

“Набояд мунтазир монд, ки 20 ҷангии мусаллаҳ вориди кишвар шаванд. Вуруди террористон ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ барои амнияти Русия хатари ҷиддӣ эҷод мекунад”-гуфтааст дипломат.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Қӯшинҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), як гурӯҳи мусаллаҳи 20-нафараи ниқобдор бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи рақами 4-и “Ишқобод”, дар қисми ҳарбии сарҳадии “Султонобод”ҳамла кардааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ҳамлагарон тавонистаанд дар қисми ҳарбӣ 5 автомати тамғаи “Калашников”-ро тасарруф кунанд.

Бар асари задухӯрд миёни неруҳои қудратии Тоҷикистон ва гурӯҳи мусаллаҳ 15 ҳамлавар кушта шуда ва 5 нафари онҳо дастгир шудаанд.

Дар ин даргирӣ 1 корманди ниҳоди сарҳадӣ ва 1 корманди ВКД ба ҳалокат расидаанд. Феълан гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ дар маҳали ҳодиса тафтишотро оғоз кардааст.

Мирзораҳматов Лутфуло, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест