ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо ба муносибати фарорасии соли нави 2020
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Инак, мову шумо дар арафаи ҷашни соли нави 2020-и мелодӣ қарор дорем. Ҳамасола дар арафаи Соли нав мо корҳои дар ноҳия анҷомдодаамонро аз ҳар ҷиҳат таҳияву ҷамбаст менамоем ва барои фардо нақша мегузорем.
Соли сипаригашта барои миллати тоҷик, ба хусус мардуми шарафманди фархорзамин соли афзалиятноку хотирмон буд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати 2-юми НБО Роғун ба кор дароварда шуд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикиро пурзуру мукаммал гардонид.
Инчунин, дар ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншоотҳо, аз қабили муассисаҳои талимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, корхонаҳои дузандагӣ, фабрикаи мурғпарварӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра сохта, ба истифода дода шуд. Дар бисёр кучаҳои шаҳраку деҳот чароғонкунӣ, сангфаршкунию мумфаршкунӣ, сохтмони марказҳои савдою хизматрасонӣ ба сомон расонида шуд.
Дар якчанд муассисаҳои таълимию марказҳои ҳунаромӯзӣ барои занону духтарон курсҳои кутоҳмуддати дузандагӣ, бофандагӣ, рассомӣ, қаннодӣ ва дигар касбу ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд ва касбомӯзон дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.
Дар соли 2019 варзишгарони ноҳия дар чемпионату мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ иштирок намуда, ҳамагӣ 184 медал ба даст оварданд, ки назар ба соли 2018 21 адад зиёдтар аст. Аз ҷумла: дар 42 мусобиқаҳои минтақавӣ бо иштироки 336 нафар ҷавонону наврасон; дар 23 намуди мусобиқаҳои чумҳуриявӣ бо иштироки 121 нафар; дар 5 намуди мусобиқаҳои байналмиллалӣ бо иштироки 15 нафар ва дар 2 чемпионат 10 нафар ҷавонон ширкат варзиданд, ки дар натиҷа 184 медалро ба хазинаи тиллоии ноҳия ворид намуданд. Аз инҳо:75 медали тилло, 55 медалли нуқра ва 54 медали биринҷӣ дар 14 намуди варзиш мебошад.
Дар соли нави 2020 моро пайомадҳое интизор аст, ки бевосита ҳар яки моро лозим аст, дар амалигардонии чунин нақшаҳо тадбирҳои хосса ҷуста, фаъолтару таҷрибанок амал намоем. То моҳи марти соли нав ташвишу тараддуд барои шаффофиятнок гузаронидани Интихоботи маҷлиси олии маҷлисҳои маҳаллӣ ва вакилони халқӣ ҳамагонро интизор аст. Инчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2020 дар нақша дода шуда аст.
Аз ҳама хурсандиовараш ин аст, ки дар санаи 9 сентябри соли пешомад ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Бахшида ба ин ид дар ноҳия боз 67 иншоотҳои ҷашнӣ дар нақша гузошта шуда аст, ки 50 ададаш дар соли 2018, 142 иншоот дар соли 2019 сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар охир бо чунин ниятҳои нек дар соли 2020-и мелодӣ таманнои онро мекунам, ки ин сол бароятон соли ободию пешрафт, меҳрубонию вафодорӣ, тинҷию хушҳолӣ ва дар хонадони ҳар яки Шумо меҳру муҳаббат ва баракату муваффақият насиб гардад.
Соли наватон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!