ХОИНОН ҲАҚҚИ ТАЪСИСИ ПАЙМОНИ МИЛЛИРО НАДОРАНД
Маҳз бо дарки вазъият ва афзудани таҷрибаву баланд шудани сатҳи фаҳми сиёсии афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик дар баробари паймоншиканиҳои пайдарпайи ТТЭ ҲНИ ҳини фаъолияти эътилофи қаблии нерӯҳои оппозитсионии тоҷик, яъне ИНОТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай пай бурда буданд, ки ҳангоми таъсиси эътилофи нави нерӯҳои оппозитсионӣ ҳатман ба мушкилӣ дучор хоҳанд шуд. ТТЭ ҲНИ барои аз ин вазъият ақаллан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёфтан ва дар назди хоҷагони хориҷии худ ҳанӯз масрафношуда нишон додани энергия ва зарфияти хеш даст ба найранг заданд. Ин найранг таъсиси созмонҳои худсохта ва рамзие чун “Анҷумани озодандешони тоҷик” (роҳбараш Алим Шерзамонов), “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” (роҳбараш Шарофиддин Гадоев) ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” (роҳбараш Илҳомҷон Ёқубов) буд, ки маҳз ба хотири созмон додани эътилофи нав ва пур кардани ҷои нерӯҳои оппозитсионии қаблии аз ТТЭ ҲНИ канор гирифта тӯли ҳамин чанд соли охир бо ташаббусу таҳрики худи онҳо таъсис дода шуда буданд. Бубинед, ки эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро доранд? Албатта не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ гуна иттилооте надоранд. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо метавонад “Паймони миллӣ”-е таъсис дода шавад, ки он машруъияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмӣ, Парлумони мардумӣ ва 9 млн. нафар аҳолиро дошта бошад?
ТТЭ ҲНИ ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик, яъне “Паймони миллии Тоҷикистон” сояи худро аз буда бузургтар ҷилва диҳад ва дар баробари зери бол гирифтани ин нерӯҳо баландпарвозӣ кунад, аммо воқеият куллан чизи дигареро ба намоиш мегузорад. Наомадани афроду ниҳодҳои аслии мухолифандеши тоҷик, аз ҷумла Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ , "Гурӯҳи 24”, “Ватандор” ба нишасти мазкур бо вуҷуди даъватҳои такрор ба такрори ТТЭ ҲНИ ва раҳбари он - Кабирӣ далели рушани ин ҳақиқат аст, ки ТТЭ ҲНИ дар асл ҳатто дар байни афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик низ ҳеҷ гуна обрӯву эътибор ва ҷойгоҳе надорад.
Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд.
Маҷидзода А, Сармуҳаррири нашрияи “Гулистон”