МУҲИДДИН КАБИРӢ КИСТ?

Як сол қабл Салимов Навруз ном шахс, яке аз омӯзгорони фаъоли ноҳияи Файзобод ва ҳамдеҳаи Муҳидин Кабирӣ мебошад, назари худро оиди кӣ будани Кабирӣ дар якчанд ҷумлае ёдрас карда буд ва барои хонандагон пешниҳод менамоем. Чун имрӯзҳо сафи ҳаммаслакону гумроҳоне, ки ба сухану ақидаҳои Кабирӣ гаравидаанд, аммо худ намедонанд, ки шахсан худи Кабирӣ ки буд ва чи шуд.
“Ман як фарди Тоҷикистон, ҳамдеҳаи Муҳиддин Кабирӣ, дар солҳои аввали ба саҳнаи сиёсат баромадани Муҳидин Кабирӣ нисбат ба ӯ ҳамчун як фарди ҷомеа ва созанда назари мусбӣ доштам. Дар баробари гузашти солҳо тавоно ва қудратманд шудани ӯ ва аъзои оилаи онҳоро дида ба ҳайрат меафтидам ва фикр мекардам, ки ин фарзанди деҳқони оддӣ дар як муддати кутоҳ чи гуна сарватманд шудааст. Зеро ки ҳамаи мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод ба мисли у фарзанди афроди оддӣ будем ва оддӣ мондаем. Солҳои охир пеш аз фирор кардани Муҳидин Кабирӣ ва наздикону пайравони эшон сармоя ва дову дастгоҳи уро дида ба ҳайрат меафтодем. Харидорӣ намудани замини боғу роғ ва кишоварзӣ, фермаи чорводорӣ, техникаву дастгоҳҳои як хоҷагӣ, корхонаи асфалтбарорӣ, мошинҳои боҳашамат, биноҳои истиқоматӣ, ширкати сохтмонӣ барои як нафар, ки худро сиёсатмадор нишон медод ва бо фаъолияти соибкорӣ ном набаровардааст, кори осон нест. Муҳидин Кабирӣ бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боақлтар ва ҳатто аз давлат донотар шуморид. Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки шухӣ накун бо арбоб… Дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳидин Кабирӣ ва ҲНИ сарчашмаи маблағгузории Муҳидин Кабирӣ ва ҳизби ӯ ошкор шуд. Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте, ки аъзои собиқ Ҳизби наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Ман як нафар сокини деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод ин ашхосро ва аҳли оилаи онҳоро ба хубӣ мешиносам.
Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обурую нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷахонӣ паст карда истодааст. У бо аъзоёни ба ном Ҳизби наҳзати исломӣӣ, аммо дар асл ташкилоти террористии ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри 2015 кӯшиш карданд, ки Тоҷикистони гулгун шукуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хубӣ шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.
Имрӯз пайравони Муҳидин Кабирӣ, ки зери шиори ӯ ва нақшаву мароми ташкилоти ӯ лоф мезананд, аммо намегӯянд, ки чаро Муҳидини пешвои ТЭТ ҲНИ дар рузи марги модараш кампири Сочак ва падараш бобои Тилло ҳузур надошт. Намегуянд, ки чаро Муҳидин Кабирӣ, миллату давлат, дину оин ва мазҳаби худро фурухт. Намегуянд, ки чаро 1мил. 200 хазор доллари амрикоиро барои табодуллоти Тоҷикистон ба генерали хоин Назарзода Абдуҳалим додааст. Имрӯз Тоҷикистон он давлати солҳои 1992 нест ва мардуми он оқибати ҷанги шаҳрвандиро дидаанд. Барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону зархаридони хориҷӣ тамоми мардуми Тоҷикистон камари мардӣ мебанданд.”
Бале, дуруст қайд кардааст ва ҳақиқати ҳолро гуфтааст ин омӯзгори ҳамдеҳааш. Кабирӣ шахсан пулҳои аз хоҷагони хориҷӣ гирифтаашро танҳо барои ҷайби худаш сарф кардаасту халос. Ӯ ҳадди ақал дар деҳааш на кучаеро обод кардааст ва на ягон мулки ватанашро. Худованд, ки нияту аъмоли Азозилро фаҳмида буд, ба ин хотир ӯро аз даргоҳаш ронда карду Иблис ном гирифт. Ин Кабирии малъунро низ Худованд аз мақсадҳои нопокаш хабардор шуду ӯро имрӯз гадову дар ба дар, сарсону саргардон дар шаҳри ғарибон кардааст.
Вадудов Тоҷидин, омӯзгор





