ШИКАСТИ ПОЯИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ

Пуштибонони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом то ба имрӯз ин ҳизбро маблағгузорӣ мекунанд, то ки нисбати ҳукуматдорону роҳбарияту давлат ҳақорату таҳдид ва таҳқиру интиқомситони садо баланд намоянд. Аз гуфтори инҳо бармеояд, ки аллакай косаи сабрашон лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои додаашон муташаниҷ будани вазъ дар минтақаро талаб доранд. Ҳамаи ин ба хотири манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои нопок аст. Зеро аз хориҷ идора мешаванд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекунанд. Гуфтаҳову хостаҳои ТТЭ ҲНИ дигар ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад, зеро он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Танҳо ҳарфу суханҳои бо макр олудаи наҳзат аст. Ҳамаи гуфтаҳои ғаразнок ва пур аз хусумат аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзати исломӣ аввалан, аз таҳлили илмии масъала фарсахҳо дур буда, танҳо дар чорчӯби кашидаи аҷнабиён ҳарф мезанад ва амал мекунад.

Баъзе намояндагону роҳбарони созмони экстремистию террористии ҲНИ аз ҷумлаи фардҳои фитнабозу тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуғлро доштаанду доранд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамин вокуниши бесарупои ин созмон аст. Зеро онон ба рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд. Онҳо бо чунин усул зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Ғаразҳои сиёсии ТЭТ ҲНИ, ки ба манфиатҳои геосиёсии хоҷагони хориҷии худ алоқаманд мебошад, ҳамаи ин дастовардҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро наметавонист бинад. Дар ниҳоят ТЭТ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 бо дастаи Ҳоҷиҳалим Назарзода, ки дар он вақт вазифаи муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, хост дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ амалӣ созад, аммо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Ин ахлоти нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳеҷ вақт ба мақсади худ нахоҳанд расид. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта бо Қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ карда шуд ва он чун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардид.

Мо, халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъона бар зидди кирдорҳои душманонаи наҳзатиён ва дигар пайравони онҳо, бар зидди ғояҳои ифротгаронаи онҳо муборизаи беамон бурда, дар ҳимояи сохтори конститутсионии кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, сиёсати сулҳовару инсондустона, маорифпарваронаву хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз пештара дида бештар аҳлу тифоқу муттаҳид гардида, барои гулгулшукӯфоии Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Бояд гуфт, ки дар воқеъ таъмини амният ва субот ва ҳифзи сулҳу оромӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсат ва барномаи давлати Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳама гуна барномаи тавсеъа ва пешрафт, дар ҳар соҳа ва самте, ки набошад, танҳо дар бистари сулҳу субот ва амнияту оромиш қобили иҷро мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистон, ки як давраи ҷангӣ дохилии панҷсоларо пушти сар гузоштааст, ба сулҳу субот ва амнияту оромиш арҷ мегузорад ва бо ҳар василае талош мекунад, то сулҳу суботи барқароргаштаро ҳифз кунад.

 

Тураева Мавлонбӣ, корманди шуъбаи маориф

Ҳеҷ овозе нест