МАКРҲОИ “ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”

9 сентябри соли 2018 дар Варшава як қисми муайяни мухолифини ифротгарои тоҷик дар хориҷи кишвар эъломияро дар бораи ташкили иттиҳоди муштарак – Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) имзо карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ аст, роҳбари ин паймон интихоб карда шуд.

Машваратҳо оид ба таъсиси ПМТ моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта буданд. Вале, аз сабаби шӯҳратпарастии роҳбар ва аҳамияти баланди зоҳирии он ба назари ҷонибдорони он (бо сабаби манъ кардани ҳизб), аъзои паймон танҳо моҳи сентябри соли 2018 ба мувофиқа расиданд. Ба раванди муттаҳидшавӣ дар асоси уҳдадориҳои шартномавӣ ба хотири ноил шудан ба ҳадафи умумӣ он далел мусоидат кард, ки Тоҷикистон аллакай омодагиро ба интихоботи президентӣ, ки бояд моҳи ноябри соли 2020 баргузор шавад, оғоз кард.

Ба истиснои ҲНИ, ҳеҷ яке аз се муассисони ПМТ дорои қудрати воқеии сиёсӣ, заминаи иҷтимоӣ ва ё обрӯ дар байни аҳолӣ намебошанд. Мусаллам аст, ки иттифоқчиён ба ҳеҷ ваҷҳ ба сиёсати анъанавии ифротгароёнаи ҲНИ таъсир расонида ва идеалу ҳадафҳои сиёсиву идеологии онро тағйир дода наметавонанд. Бо ин далелҳо, аъзои паймон ба ҳамаи он оқибатҳои фалокатбор, ки метавонанд аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва стратегияи хушунатомези ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ ба амал оянд, масъул мебошанд.

Вазифаҳои асосии Паймони миллӣ инҳоянд: «Муҳофизати сохти демократии ҳуқуқӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардан ва нигоҳ доштани шароит барои ба ҳар кас баргардонидани озодии сухан, ақида, виҷдон, иттиҳодияҳо». «Тоҷикистон бояд озод, мутараққӣ ва мустақил бошад, ки дар он озодиҳои инсон бояд афзалият дошта бошанд». Тааҷҷубовар аст, аммо, маҳз ин ҳадафҳо дар Конститутсияи давлат ҳамчун идеалҳои асосии ҷомеа инъикос ёфтаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».Аз ин рӯ, вазифаҳои изҳордоштаи Паймони миллӣ чун парда барои ҳадафҳои воқеӣ ва асосии минбаъда менамоянд.

Аз сабаби надоштани ғояҳои худ Кабирӣ мунтазам ба дурӯғпароканиҳои сиёсию идеологӣ ва тасарруф кардани моликияти зеҳнии дигарон даст мезанад.

Масалан, донишманди маъруфи тоҷик, файласуфи боистеъдод Ҳафиз Бобоёров соли 2017 як лоиҳаи иҷтимоию сиёсиро дар бораи дурнамои рушди Тоҷикистон бо номи "Паймони миллӣ" омода кард. Маҳз ана ҳамин ном аз ҷониби муассисони ПМТ бо сарварии Кабирӣ 9 сентябри соли 2018 истифода шуда буд. Кабирӣ иқрор дорад, ки 90 дарсад бо муқаррарот ва идеяҳои консепсияи иҷтимоиву иқтисодии Ҳ. Бобоёров розӣ мебошад, аммо далели дуздии зеҳнии номи ӯро комилан рад мекунад.

Кабирӣ бо 10 фоизи кори илмии мазкур розӣ нест. Эҳтимол, вай дар он вуҷуд надоштани муқаррарот дар бораи забти зӯроваронаи ҳокимият ва эълони Тоҷикистон ҳамчун давлати исломиро дар назар дорад.

Ҳамин тавр, бо итминон гуфта метавонем, ки номи ПМТ (Паймони Миллии Тоҷикистон) дуздии сиёсӣ ва идеологӣ, тасарруфи моликияти зеҳнии каси дигар ва истифодаи ваколатҳои илмии Ҳ. Бобоёров ба манфиати ҲНИ ва Кабирӣ мебошад.

БОЙМАТОВ АКРАМ, Сармуҳаррири нашрияи “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест