МАТЛАБИ “ФОРС”-и ЭРОН ОИДИ ИШҚОБОД

Мақомоти расмии Тоҷикистон пас аз ҳамлаи шаби 6 ноябр ба посгоҳи “Ишқобод” - и отряди марзбонии “Султонобод”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро кори дасти ДОИШ арзёбӣ карданд, ки аз вулусволии Қалъаи Золи Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд. Худи гурӯҳи террористӣ ин ҳамларо бар зимма гирифт.

Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва бархе аз таҳлилгарони хориҷӣ ин хабарро рад карда буданд.

Хабаргузории Форс - и Эрон ду сенерияи дигарро дар матлабе таҳти унвони “Радди пойи Амрико дар ҳамлаи ДОИШ ба пойгоҳи марзии Тоҷикистон” интишор кардааст.

Бино ба иттилоияе, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон нашр кард, ин посгоҳ иқтидори неруҳои марзбонии тоҷикро барои назорати доимии тақрибан 15 – 20 км – и марз бо Афгонистон дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ва вуруди ғайриқонунӣ марзшиканон, муқобилият бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқбарони маводи мухаддир ва экстремистҳои ҷангҷӯ “якчанд маротиба баланд мебардорад”. Ин дидбонгоҳи 9 – уме буд, ки ба ҳадафи “мустаҳкам намудани амнияти марзи Тоҷикистон” бо кӯмаки сафорати Амрико дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сохта ва таъмир шудааст. “Форс” дар ин робита менависад, нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар заминаи ифтитоҳи пойгоҳи марзбонии Оқултун мавқеияти ҷуғрофиёии он аст, зеро посгоҳи Оқултон дар Шаҳритӯс айнан дар ҳамсоягии минтақаи Қалъаи Золи Афғонистон қарор дорад.

“Аз сӯи дигар низ, Шаҳритӯс дар 17-километрии ҷануби Қубодиён қарор дорад. Минтақае, ки ба гуфтаи воҳидҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, террористҳо аз онҷо тасмими азимат ба самти маҳалли ҳамларо гирифтаанд. Ба баёни дигар, метавон иддао кард ҳар гуна убуру мурури гурӯҳи террористии мазкур, бидуни шак, аз ҳамсоягӣ ва ҳавзаи кории ин посгоҳ сурат гирифтааст”, - навиштааст “Форс”.

Хабаргузории эронӣ меафзояд, ки ин ҳол метавонад сенарияҳои ҷадидеро дар заминаи нақши эҳтимолии Иёлоти Муттаҳида Амрико дар ин ҳамлаи террористӣ пеш меандозад.

“Дар хушбинонатарин сенария, метавон иддао кард, ки дар фарояндҳои иттилоотӣ ва амалиёти шиносоии ин гурӯҳи террористӣ ва дар назар гирифтани онҳо ба маҳзи вуруд ба марз, неруҳои тоҷик бо мушорикати ҳамтоёни амрикоии худ тавонистаанд як амалиёти печидаро тарроҳӣ карда ва дар маҳалли муносиб (, ки гӯё посгоҳи марзии Ишқобод будааст) бо омодагии комил дар интизори террористҳои ДОИШ нишаста буданд. Талафоти террористҳо ва тавони болои размии неруҳои амниятии тоҷик дар минтақаи мазкур, нишон аз омодагии пешини онҳо дорад”, - менависад “Форс”.

Хабаргузории эронӣ дар ин “ҳамкорӣ” паёмадҳоеро ҳам “дар заминаи равобити сиёсӣ ва амниятии Душанбе” пешбинӣ мекунад, бахусус инро, ки “Маскав ҳеҷ гоҳ аз ҳамкориҳои амниятии ҷумҳуриҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико розӣ набудааст” ва ҳам менависад, ки “бо ин ҳол, чунин сатҳе аз таомулоти амниятӣ метавонад дар оянда барои давлати Тоҷикистон роҳгушо бошад”.

Сенарияи “бадбинона” - и “Форс” ба “савобиқи амрикоиҳо дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои дастёбӣ ба манофеъи худ, бавежа дар таҳаввулоти солҳои ахири Сурия ва Ироқ” бармегардад, ки бино ба он, “ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо гурӯҳи террористии мазкур барои вуруд ба Тоҷикистон ба воситаи дастрасӣ ба таҷҳизот ва имконоти пойгоҳи мазкур” низ баъид нест.

 

Алихон Хидиров, Мудири бахши ТИК-и шуъбаи маориф

Ҳеҷ овозе нест