МАДАДИ ПМТ АЗ АМРИКО

“Мо аз шумо даъват мекунем, ба ҳукуматдорони Тоҷикистон, муроҷиати Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милалиро дар бораи раҳоии фаврии Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадрӯзӣ Искандаровро... ёдрас кунед.” – омада аст дар баёнияе аз тарафи Паймони Миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 6-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимои пахш намудаанд.

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Элис Уелс рӯзҳои 6 ва 7-уми январ дар Тоҷикистон аст ва ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико бо мақомоти кишвар “тақвияти ҳамкориҳо барои тақвияти амният дар минтақа, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ” ва дигар масоилро баррасӣ карданд.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Аммо Додгоҳи олӣ ин паймонро тобистони соли 2019 созмони террористӣ эълон кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва худашон мегӯянд, ки парвандаҳои ҳар чаҳор нафар дорои ангезаҳои сиёсист ва мақомоти онҳоро фақат барои дигарандешиашон паси панҷара андохтаанд. Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал низ гуфтааст, ки боздошту муҳокимаи ин афрод бо қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифтааст ва ҳукумати Тоҷикистон бояд онҳоро раҳо кунад ва ҷуброн бипардозад.

Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин баёния сиёсатҳои давлатро башиддат танқид карда ва гуфтааст, “ҳукуматдории хонаводагӣ, мудирияти нодуруст, фасоди густурда, саркӯби мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён ва ҳуқуқи динӣ, таъқиби диндорон ва хешовандони онҳо” боиси ақибмондагии Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи муаллифони баёния, ин чаҳор нафар ғайриқонунӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Маҳмадалӣ Ҳаит, узви раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкор, Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохта ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон бо гуноҳҳои терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои дигар то ба 20 солии зиндон маҳкум шудаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла додситони кулл гуфтааст, ки парвандаҳо ҳеч ангезаи сиёсӣ надоранд ва ин афродро барои ҷиноятҳояшон ба зиндон маҳкум кардаанд.

Чунин нашрияҳро кормандони радиои озодӣ дар шабакаи дохилии худ дарҷ кардааст.  Радиои озодӣ аз дастовардҳои мамлакати мо кам нашр менамоянду бештараш дар мавзӯъҳои мухоифин меббошанд. барои кормандон заррае ҳисси ватандӯст маъум нест. Онҳо дидаю дониста айбҳои  мухоифони ватанро пушонида, бештар аз нуқсонҳои милати тоҷик сухан мегуянд. 

Лутфулои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест