ЭЛИС УЕЛС ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Санаи 6,7 январи соли 2020 вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазирони корҳои дохилӣ, энергетика, мудофиа, амнияти давлатӣ ва дигарон пиромуни таҳкими ҳамкориҳои амниятии минтақавӣ, тавсеаи равобити иқтисодиву энержӣ, ислоҳоти мақомоти умури дохилӣ ва рушди равобити минтақаӣ бо Элис Уелс – дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ вохурӣ анҷом доданд. Хонум Уэллс  эълом дошт, ки густаришу таҳкими равобити дуҷониба дар Машваратҳои сиёсии ду тараф моҳи март дар Вашингтон идома хоҳанд ёфт.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз Элис Уелс – дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ рӯзи 6-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ дар шабакаҳо гуфтааст: “Мо аз шумо даъват мекунем, ба ҳукуматдорони Тоҷикистон, муроҷиати Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милалиро дар бораи раҳоии фаврии Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ёдрас кунед.”

Ин эътилофи иборат аз чанд созмони мухолифи хориҷ аз кишвар мехоҳад, то масъалаи озодии фаврии чаҳор сиёсатмадор ва дигарандешро ба мақомоти Тоҷикистон гӯшзад кунад.

Ин сафари тарҳрезишуда буда, тахминан як моҳ пас аз он ба вуқуъ мепайвандад ки Амрико гуфт, дар соли 2019 равобити Вашингтон бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ рушд намудааст.

Таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳида ба Осиёи Марказӣ дар ҳоле бештар мешавад, ки Чин бо истифода аз нуфузи иқтисодиву сиёсӣ талош мекунад паноҳҷӯён аз вилояти Шинҷонро, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд, ба Пекин бозгардонад.

Тураева Мавлонбӣ, сармутахассиси шуъбаи маориф

 

 

Ҳеҷ овозе нест