«ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 6-уми январ мақомоти интизомии Тоҷикистон 27 нафарро бо гумони узвият дар созмони «Ихвон-ул-муслимин» дастгир кардаанд, ки инҳо як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Созмони «Ихвон-ул-Муслимин» аз соли 2006 дар Тоҷикистон созмони ифротӣ ва мамнӯъ эълон шудааст ва моҳи майи соли 2016 панҷ имом-хатиб аз вилояти Суғдро бо гуноҳи узвият дар ин созмон  то 5 соли зиндон маҳкум карда буданд

«Ихвон-ул-муслимин» — созмони мазҳабӣ-сиёсӣ мебошад, ки моҳи марти соли 1928 аз тарафи муаллим Ҳасан а Бана дар Миср ташкил шудааст. Аз соли 1933 идораи марказии созмон ба Қоҳира кӯчонида шуда буд. Созмон бахши худро Ироқ, Сурия ва Фаластин дошт. Дар охириҷанги дуюми ҷаҳон тақрибан 500 ҳаз. нафар аъзо дошт.

Ин ҳизб ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё ҷомеаи бародарони исломӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии ин созмон ташкили хилофати исломӣ мебошад, ки ба қавли пешвоёнашон Ҳасан Ал-банно ва Саидқутб бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад. Дар ин хилофат Қуръон ва Суннат бояд ба марҷаоти ягонаи танзими зиндагии оилавӣ, фардӣ, ҷамъӣ ва давлатии мусалмонон табдил ёбад.

Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон низ бозгўкунандаи он аст, ки ҲНИТ бо Ихвон-ул-муслимин пайванди наздик дорад ва дар ҳар вазъияте аз усулҳои хоси фаъолияти он истифода менамояд. Роҳбарони ҲНИТ мутақоид буданд, ки онҳо дар кишвар бо методи қадам ба қадам тарафдорони зиёдеро соҳиб гардидаанд ва дар моҳи сентябри соли 2015 ба марҳилаи дигари сиёсии худ «сиёсати зўроварӣ» ворид гардиданд ва тавассути гумоштаи хеш генерал Назарзода даст ба кудатои ҳарбӣ заданд. Онҳо муътақид буданд, ки ошуби онҳо дастгирию ҳамовозӣ пайдо мекунад ва онро баъдан инқилоби исломӣ унвон дода, қудратро ба даст мегиранд. Аммо мардуми Тоҷикистон аз амалҳои зишту террорҳоеро, ки аз ҷониби ҲНИТ ҳам дар ибтидои солҳои 90-ум ва ҳам солҳои баъди истиқрори сулҳ содир гардидаанд, хуб огоҳ буда, дубора ба доми ин неруи аҳриманӣ наафтоданд. Баръакс мардуми кишвар кушиши табадулоти давлатиро, ки бо дастгирию роҳбарии ҲНИТ роҳандозӣ шуда буд, қотеъона маҳкум намуданд.

Хулоса ҲНИТ дар тамоми замони мавҷудияту фаъолияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои Ихвон ул муслимин ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ҲНИТ, яъне усули «қадам ба қадам», ки мутаасифона солҳои охир ором ором ба мағзҳои гурўҳҳои иҷтимоӣ сироят карда буд, ҳатто кўшиш намуд то андозае баъзе шоирону рўзноманигорон ва олимонро низ ба самти худ моил созаду онҳоро мадюни худ гардонад. Дар бахши амалӣ бошад, ҲНИТ мисли Ихвон-ул-муслимин аз сиёсатҳои зўроварӣ ё тероризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷеаи солҳои 90-ум – ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва инчунин ба террори густурдаи мухолифини ақидатӣ даст зада, дар моҳи сентябри соли 2015 даст ба табадуллот барои ғасби ҳокимияти сиёсӣ зад.

 

Тураева Мавлонбӣ, сармутахассиси шуъбаи маориф

 

 

Ҳеҷ овозе нест