ПАЙМОНИ ШАЙТОН

Расо як сол пеш дар санаи 18-уми январи соли 2019 баҳси Муҳидин Кабирӣ - роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи пайравонаш интишор дода шуда буд. Ҳар як шаҳрванди тоҷик дар хондану шуниданҳои ақидаҳои онҳо ба ростӣ нафраташ меояд.

Муҳидин Кабирӣ, роҳбари ҳизби ифротии мамнуъгашта мисли шайтон худашро боз ба дигар сурат кардаву аз пайи амалҳои иблисонаи худ шудааст.

Васвос кардан аслан кори шайтон аст. Шайтон дар вуҷуди одами сустирода ҷой гирифта бо васвосҳои худ инсонро ба анҷом додани амалҳои бад талқин мекунад. Худи Кабирӣ дар суханрониаш онро тасдиқ намудааст. Ў гуфтааст, ки  «тўли се сол машғул ба бозсозӣ будем ва кўшиш кардем, ки дар ин шароити ҷадид ҷои худро пайдо кунем, ки чӣ гуна дар он метавонем фаъолият кунем».

Бехабар аз он ки дар тўли се сол Тоҷикистониёни азиз бо Сарвари хирадмандашон қадамҳои устуворе гузоштанд ба сўи қуллаҳои  мурод, ки ба кор андохтани чархаи аввали НБО Роғун мисоли ин гуфтаҳост.

 Дар мусоҳибааш Кабирӣ аз хидматҳояш ба халқи  тоҷикро ба хотир оварда, зикр кардааст, ки аъзои ҷавонтарини Комиссиони оштии миллӣ буд ва борҳо барои ба созиш овардани тарафҳо ҷонашро ба хатар андохтааст ва ҳамчунин бо виқор гап мезанад, ки то соли 2013 аз ҳисоби худ ва ҳизбаш дар ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) мактаб сохтааст. Ҳол он ки дар ягон санад дар боби оштии миллӣ номи ин пешвои мухолифин қайд нашудааст. Акнун фаҳмидем, ки ин ҷаноби беватан барои фарзандони мардум мактаб сохта будааст. Аҷабо, аз ҳисоби кадом маблағҳо? Мумкин суханаш рост бошад, аммо ҳаминро бояд қайд намуд, ки ягона амали неке, ки аз ҷониби Кабирӣ мешунавам ҳамин сохтмони як мактаб асту халос. Дигар дар тўли солҳое, ки дар Тоҷикистон амал намуданд, ба ҷузъ коштани тухми кинаю адовату низоъ, қатлу куштор миёни мардум дигар кореро ба сомон нарасонидаанд.

  Кабирӣ фаромўш кардааст, ки дар Тоҷикистон ба ҷузъ Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳизбе ба мардум манфиат нарасонидааст. Амалҳои ин ҳизб аз бунёд ба хизмати халқу ватан нигаронида шудаанд. Агар як соҳаи маорифро мисол биёрем, садҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳазу ҷавобгў ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шудааст, ки имрўз ба фарзандони халқи тоҷик хизмат намуда истодаанд. Ҳамаи он амалҳои созандае, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба анҷом расонидаанд номбар кунем соатҳо ба мо лозим меояд. Аммо Кабирӣ  шарм надошта ба таърифи худашу ҳизби террористию ифротгарояш ҳарф мезанад.             

   Фитнаи дигаре, ки Кабирӣ мехоҳад амалӣ созад, ин низоъ андохтан миёни ҷавонони Бадахшониву дигар минтақаҳои Тоҷикистон  аст. Бо сарбаландиву ифтихор мегўям, ки ҷавонони Бадахшонӣ ва  ҷавонони дигар манотиқи Тоҷикистон як миллатанд. Бо қисмате аз онҳо дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар бародарвор таҳсил намуда, то ҳол бо онҳо робитаи дўстию бародарӣ дорем.

 Имўз ҷавонони бадахшонӣ хушбахтанд. Онҳо мўйро аз хамир  ҷудо карда метавонанду ба фитнаи ту Кабирӣ ва ту баринҳо намегараванд.

     Росташ нафратам ба Кабирӣ боз ҳам бештар гашт вақте ки ў ҷонсупориҳои Пешвои муаззами миллатро нодида мегирад.

  Ҳаминро таъкидан мегўям, ки  ҳама пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони имрўз ба Эмомалӣ Раҳмон мансубанд. Хурду бузурги кишвар имрўз дар сафи ин абармарди миллат баҳри ободии кишвар истодаанд. Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ту баринҳо қадру манзалати Сарвари миллати тоҷикро, ки бегонаҳо эътирофаш кардаанд, паст бизанӣ. Ў мегўяд, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо як маротиба ба хотири миллаташ  ба Хустдеҳи Афғонистон рафта ҷонашро дар хатар гузоштааст ва имрўз гўё «дунёро пур кардааст, ки риск кард»».

   Ба ту ҷавобан мегўем, ки Ҷаноби Олӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо маротиба аз ҷонаш гузашт кардаву ба минтақаҳои даргир баҳри сулҳу салоҳи тоҷикон рафтааст. Аммо ту Кабирӣ ҷуръати дидану дарк кардан надорӣ, чунки дили нопок дорӣ.

   Қаҳрамони миллии Афғонистон  Аҳмадшоҳи Масъуд таъкидан ба мардуми тоҷик гуфта буданд:  «Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ў муттаҳид шавед, ўро (Эмомалӣ Раҳмонро) гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар ин солҳои ҷанг дар он аст, ки чунин роҳбари ғамхору ҷасурро надоштем» .

           Ту ва пайравони ту Кабирӣ, ки аслан ифротии раҳгумзадаед дониста бошед, ки дар кишвари тоҷикон минбаъд касе ба сафсатаҳои шумоён бовар нахоҳанд кард.

  Устод Айнӣ ақидаи неке доштанд: «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан лозим».

 

Сайдаҳмад Исмоилов, сокини н. Фархор, омӯзгори №29

 

 

Ҳеҷ овозе нест