МАРЗШИКАНИИ ҚИРҒИЗҲО БОИСИ ҶИДОЛ ШУД

Дар рӯзҳои аввали моҳи январ дар марзи Қиризистону Тоҷикистон дар наздикии Ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара марзбонон ва милисаҳои қирғиз ба деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд омада, мардумро огоҳ карда буданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт. Ҳатто мардуми маҳаллаи Дахмаи Кӯктошро тарс дода, маҷбур ба тарки манзилҳояшон кардаанд. Дар пайи ин шаби 9 ба 10 январ худ ба тирандозӣ ба марзи Тоҷикистон даст заданд. Иттифоқоте, ки тайи даҳ рӯзи гузашта дар марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистону Ӯзбекистон меафтанд, тасодуфӣ нестанд, балки ҳалқаҳои як занҷир буда, ҳадафмандона тарроҳӣ ва иҷро мешаванд.

Даҳаи аввали соли нави 2020 дар марзҳои Қирғизистон бо ҳамсояҳояш чанд ҳодиса рух дода буд. Қирғизҳои марзшикан дар санаи  6 январи соли нав дар маҳаллаи Оққурчаи ноҳияи Попи вилояти Намангони Ӯзбекистон 500 сар моли хурди шохдорро ба 1,5 км марзи он кишвар дароварда, бонӣ мекарданд. То омадани марзбонони ӯзбек ба маҳалли убури ғайриқонунии марз чӯпонҳои қирғиз қисмати бузурги рамаи худро ба деҳаи Араб Алаи ноҳияи Букаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон интиқол доданд, аммо бақияи рама дар маҳалли мазкур боқӣ монда буд. Дар ҳамин замон миёни марзбонони ӯзбек ва қирғизҳо ҷанги лафзӣ ба миён омада буд, ки ба дастбагиребонӣ кашида шудад. Марзбонони ӯзбек ба хотири бузург нашудани низоъ ба ҳаво тир андохтанд.

Ин қазия бо подармиёнии мақомоти марзбонии Қирғизистону Ӯзбекистон фурӯкаш шуд. Тайи як шабонарӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чанд ҳодиса иттифоқ афтод, ки дигарбора оромиро аз марзнишинон гирифт. Аммо изҳороти расмӣ аз ин ҳаводис бинишҳои мутафовити ҷонибҳоро бозгӯӣ мекунанд.

Нахуст Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба шарҳи ин ҳаводис пардохт, ки бино ба он, шаби 9 ба 10 январ соати 00. 40 дақиқа дар маҳаллаи Ҷака Оруқи ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд афроди номаълум сабукрави шаҳрванди Қирғизистонро, ки озими Бодканд буд, сангборон карда, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

 

Вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мӯътадил арзёбӣ мешавад. Гурӯҳҳои тафтишотии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон кор мекунанд. Афзоиши тамоюли истифодаи камони шикорӣ аз сӯӣ “шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон” аст, ки “ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд”.

Ҷониби Қирғизистон роҷеъ ба фарзияи мазкур хабар аст, ки рӯзи 10 январ, тақрибан соати 00:40 дақиқа дар қисми дидбонгоҳи сарҳадии Орто – Боз, дар минтақаи Ҷака – Оруқ шаҳрвандони Тоҷикистон мошини қирғизҳоро сангборон намуданд ва сипас ба самти Тоҷикистон пинҳон шуданд. Зикр мегардад, ки мошин аз деҳаи Самарқандек самти Бодканд ҳаракат мекард.

Соати 01:00 дақиқа дар қисми постгоҳи маҳаллаи Коктош як мошини дигар аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сангборон шуд. Нафарони номаълум ҳам самти Тоҷикистон фирор ва паноҳ бурданд.

Гузашта аз ин, манбаъ меафзояд, ки соати 02:40 дақиқа дар минтақаи Даҳма аз нуқтаи аҳолинишини Тоҷикистон самти қирғизҳо тирпарронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа қирғизҳо занону кӯдаконро аз ин минтақа ба ҷойи дигар кӯч доданд.

Дар робита ба ноамнӣ дар марзи ин ду кишвар, Вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков ба Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, пиромуни ҳодисаи ахир сӯҳбат намуданд.

 

Тоҷиддин Вадудов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест