БАРРАСИИ МАРЗИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

Ҳафтаи  гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков - президенти Қирғизистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буданд

Президентҳои ҳарду кишвари ҳамсоя дар рафти суҳбат муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла, "Вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар"-ро муҳокима карда буданд.

Ҳамчунин мувофиқа карда шуда аст, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои муташаниҷии вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоту фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо фаъол гардонида шавад.

Дафтари матбуотии президенти Қирғизистон хабар додааст, ки Сооронбой Ҷеенбеков дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти ҳифзи субот дар марз ва пешгириӣ аз низоъ таъкид кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо боз бо ҳам дӯст ҳастанд ва бояд мушкилиҳоро аз роҳи музокирот ҳал кунанд.

Сӯҳбати телефонии ду президент дар ҳоле сурат гирифт, ки шаби 9 ба 10-уми январ миёни сокинони деҳаи Сомониёни Исфара ва Куктоши Бодканд муноқиша сар зад. Ҷонибҳо дар сар задани ҳодиса якдигарро гунаҳкор медонанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи сабабҳои сар задани муноқишаи шаби 9 ба 10-уми январ фарзияҳои гуногунро пешниҳод мекунанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ бо пахши изҳорот шаҳрвандони Қирғизистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор кард. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки афроди номаълум ба сӯи шаҳрвандони Қирғизистон тирпарронӣ карда, сипас дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Ҳарду тараф мегӯянд, феълан вазъ дар марз зери назорат аст. Як гурӯҳи тафтишотӣ аз мақомоти ду кишвар ба гуфтаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон, ба фаъолият оғоз карданд.

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест