МАРЗҲО ДАР НАЗОРАТАНД

Санаи 24-01-2020  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом дода буд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

 Дар ин зимн ба масъалаҳои делимитатсияи хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода дар асоси доимӣ идома дода шавад.

Сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов дар нишасти ҳукумат изҳор доштааст, ки Бе розигии сокинони маҳаллӣ ягон табодули замин намешавад

Ба гуфти Раззоқов, барои табодул ду минтақа - Оқ-Сой ва Самарқандак пешниҳод мешаванд.

Нахуствазир ваъда дода аст, ки ба ҳамаи сокинони наздимарзии аз 18-сола боло, ҳуқуқи ибрози андеша дода мешавад.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба ин тавофуқ расидаанд, ки дар навбати аввал аз 467 километри марзи баҳсӣ 114 километри онро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд.

Табодули замин миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон танҳо бо розигии сокинони наздимарзӣ сурат мепазирад

Дар баробари ин дар ояндаи наздик дар минтақаҳои баҳсӣ чароғаки роҳнамо ва камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Алихон Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест