ОШКОРИ ГУРӮҲИ ИХВОН УЛ МУСЛИМИН

Muslim_Brotherhood_Emblem.jpg

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 28-уми январ хабар дода аст, ки дар соли 2020 ҳамагӣ 113 нафар барои пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин", боздошт шудаанд. Ба гуфтаи вай 20 тан аз ин боздоштшудаҳо кормандони муассисаҳои олӣ ва як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳукумати Исфара мебошад ва дар ҳоли ҳозир нисбати ин афрод парванда боз шудааст.

Додситони кулл ҳамзамон сарусадоҳо дар бораи боздошти як корманди дастгоҳи президент ва як корманди вазорати тандурустиро, ки гӯё барои узвият дар ин гурӯҳ боздошт шудаанд, рад кард. Юсуф Раҳмон афзуд, ки дар миёни боздоштшудаҳо ду хориҷӣ низ ҳастанд. Аммо қайд нашудааст, ки онҳо шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд.

 Ба гуфтаи баъзе манбаъҳои хабарӣ дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо, мансабдорони давлатӣ, рӯҳониён ва ғайра ҳастанд. Инчунин,  як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъро дар кишвар ошкор кардаанд.

Исмоил Қаҳҳоров, домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи кишвар низ ҳастанд. Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара аз ҷумлаи онҳоест, ки бо гумони узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" дастгир шудааст.

Боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин", нишон надодани онҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил, нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст.

Дар гузашта низ созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии дину эътиқод танқид кардаанд. Чизе, ки мақомот ҳамвора рад карда, ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳоро ба мубориза бо ифротгароӣ рабт додаанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст.

Тоҷидидин Вадудов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест