ВОКУНИШҲОИ РАДИОИ ОЗОДӢ

Радиои Озодӣ муассисаи мустақили амрикоист, ки тавассути Конгресси Иёлоти Муттаҳида таъмини молӣ мешавад. Барномаҳои РАО/РО (Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ), ки ба 28 забон дар ҳудуди кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пахш мешаванд, беш аз 35 миллион шунаванда доранд. Радиои Озодӣ маҷмӯан ҳафтае 1000 соат барнома ва ҳамарӯза ахбори тозаву объективӣ нашр мекунад. Маркази пахши барномаҳои РАО/РО дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех ва маркази идории РАО/РО дар шаҳри Вашингтон, пойтахти ИМА ҷойгир аст. РАО/РО ба инъикоси ҳаёти рӯзмарраи минтақаҳои нашароти худ аҳамияти вижа медиҳад. Ҳадафи РАО/РО расондани иттилои дақиқ ва мутавозин ба шунавандагонаш мебошад. Бо назардошти он ки аввалин қадам ба сӯи демократия дастрасии мардум ба иттилоот маҳсуб мегардад, РАО РО расидан ба аҳдофи зерро аз авлавиятҳои худ медонад. Пешниҳоди хабар, таҳлил ва баҳсҳои мутавозин ва дақиқ дар мавзӯъоти маҳалливу минтақавӣ, ки барои демократия ва гузариш ба иқтисоди озод зарур аст. Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути бозтоби арзишҳои демократӣ. Мубориза бо таҳаммулнопазирии қавмӣ ва мазҳабӣ ва кӯмак ба рушди тафоҳум миёни одамон. Намунаи ибрат будан барои расонаҳои маҳаллӣ, мусоидат ба рушди маҳорати касбӣ ва истиқлолияти онҳо тавассути кумак дар омўзиш ва тақвияти ҳамкорӣ бо онон. Мусоидат ба густариши муносибатҳои наздик миёни кишварҳои минтақа ва кишварҳои демократии ҷаҳон мебошад.

Ин гуна маълумотҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ гардидааст ва мо ба хонандагон дастрас ва пешниҳод намудем, ин дар асл қариб ки чунин менамояд. Аммо, он маълумотҳое, ки оиди хабарҳои Тоҷикистон дар ин шабакаи радиои озодӣ нашр ва интишор мешавад, куллан ба гуфтаҳои боло мутобиқат намекунанд. Чункӣ дар шабака бештар ҷиҳатҳои манфии мардуми тоҷикзамин, чи аз мансабдорон ва чи аз сиёсатмадорон бештар дарҷ мегардад.

Дар радиои озодӣ дар бораи фаъолиятҳои ҷиҳати манфии мухолифини тоҷик, роҳбарият ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ умуман дарҷ намегардад.

         Азбаскӣ фаъолиятҳои паймони миллии тоҷик, ки дар Аврупо фаъолият доранд, ба ҳамагон маълум аст ки ҳар як амали онҳо барои мардуми тоҷик хатар дорад. Барои чи озодӣ ин гуна амалҳои хатрнокӣ мухолифини тоҷикро дар шабакаҳояш дарҷ намекунад?  Ҳол он ки ҳар ҳафта  барномаи шабакавии гурӯҳи  24 бо номи “Садои мардум”, Ислоҳ тв, Паём.нет ва ба ин монанд барномаҳои фитнаангези худро дарҷ мекунанд, озодӣ ба ин аҳамият намедиҳад. дар яке аз барномаҳои садои мардуми гурӯҳи 24 шахсе баромад карда мухолифинро ҷиҳод гуфта буд. Оё ин хатар нест? Агар як сухану рафтори ноҷое ё камбудие агар дар дохили кишвар шавад, фавран ба интишор медиҳанд? Оё усули демократикунонии озодро мо ҳис мекунем?

Мо мардуми тоҷик аз озодӣ хоҳони онем, ки “ҳамаро бо як чашм нигоҳ кунанд”.  Бигузор мардуми кишвари мо ва хориҷи кишвар аз камбудию амалҳои мухолифин, аз зиндагиҳои пасипардагии онҳо низ мақолаҳо дарҷ намоянд. Агар бо назардошти он ки аввалин қадам ба сӯи демократия дастрасии мардум ба иттилоот маҳсуб бошад.

 Носиров Н, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест