АҚИДАИ ВАЗИРОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ОИДИ МАРЗИ ТОҶИК

Жениш Раззоқов муовини нахуствазири Қирғизистон ҳафтаи сипаригашта дар нишасти Кумитаи умури амният ва дифои Парлумони Қирғизистон таъкид кардааст, ки масъалаи ивази ду минтақаи маълумшуда дар дидор бо ҳайати музокиракунандаи марзии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд. Ӯ аз мушаххас шудани ду минтақаи ин кишвар дар ноҳияи Бодканд, барои иваз бо Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар хабар дода буд. Ба гуфтаи вай, ин мавзӯъ дар дидор бо ҳайати музокиракунандаи марзии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 январи соли равон дар Бишкек баргузор шуда буд, баррасӣ карда шуд. Жениш Раззоқов таъкид кардааст, манотиқи Ариқ-Аста дар рустои Оқсой ва Самарқандак дар рустои Самарқандаки ноҳияи Ботканд бо тавофуқ бо тарафи Тоҷикистон иваз хоҳад шуд. “Ин кор масири ҳаракати атбои қирғиз ва тоҷикро мустақим мекунад ва ниёзе барои вуруди онон ба қаламрави кишварҳои якдигар боқӣ намемонад”, - иброз доштааст Жениш Раззоқов. Ҳамзамон, ба гуфтаи Муовини нахуствазири Қирғизистон, тарафҳо бар сари аломатгузории 114 километр аз марзи муштарак бо Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.

Дар рӯйдоде бесобиқа ва дар паи ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, мақомоти кишвари ҳамсоя 6 шаҳрванди тоҷикистониро таҳти таъқиб қарор доданд.

Мирлан Каниметов, муовини вазири кишвари Қирғизистон дар ҷаласаи Парлумони ин кишвар дар ин бора муддаӣ шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, дар марзи муштарак мазнун ба эҷоди даргирӣ бо шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд. Мирлан Каниметов афзуда аст, ки ин афрод сокинони рустоҳои марзӣ ҳастанд ва мо феҳристе аз ононро таҳия ва ин масъаларо ба намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гузориш кардаем. Ба гуфтаи муовини вазири кишвари Қирғизистон, созмонҳои қазоӣ ва амниятии Тоҷикистон таҳқиқоти ҷиноӣ дар бораи охирин даргирӣ дар марзро дар дастури кор қарор додаанд. Пас аз ҳодисаҳои ахир дар марзи ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон, идораи пулиси Ботканд дар ҷануби Қирғизистон, чор шаҳрванди қирғизро ба гумони таҳрики даргирӣ боздошт кард. Боздошти ин афрод бо эътирозҳое дар ҷомеаи Қирғизистон ҳамроҳ будааст.

 

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест