1992. ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ

Моҳи майи соли 1992 ба Тоҷикистон бадбахтие омад — ҷанги шаҳрвандӣ шӯъла зад. Ҷумҳуриии навмустақил дар муқобилаи хунин ҷони даҳҳо ҳазор нафарро бой дода, дучори харобаҳои иқтисодӣ шуд, ки арзишаш беш аз даҳҳо миллиард долларро ташкил карда буд. Авҷи муқобилият ба солҳои 1992-1993 рост омада буд, аммо гуфтушунидҳои сулҳомез танҳо соли 1994 шурӯъ шуда, фақат дар соли 1997 муяссар гашт, ки муноқиша қатъ гардад. Аммо аз ду сар, созишнома дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Дар тӯли 28 соли пас аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, намояндагони насле ба воя расидаанд, ки он муноқишаро дар кӯдакияшон дида буданд. Аксарияти онҳо аллакай оиладор шуда, фарзандони онҳо насли навест, ки оқибатҳои даҳшатнок ва харобиовари он ҷанги бародаркушро надидаанду намедонанд. Бо вуҷуди ин, асари он ҷанг чӣ дар ҷомеаи тоҷик, ва чӣ дар берун аз он, ҳануз низ зинда аст.

«Новобаста аз он, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997 тамом шуда буд, вале ба маънои томаш ҷанг танҳо дар соли 2015 ба охир расид", — мегӯяд таърихшинос Раҳимбек Бобохонов.

То он вақт, мувофиқи шартномаи сулҳ, як қатор вазифаҳои муҳим ва курсиҳои мансабӣ ба тарафдорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дода шуд, ки ба онҳо намояндагон ва фармондеҳони саҳроии мухолифин шомил шуда буданду, барои мусолеҳа бо мақомоти расмӣ омодагӣ доштанд.

Гарчанде бо мурури даҳсолаҳо ҲНИТ аз нерӯи қудратманди худ маҳрум шуда бошад ҳам, вале то ҳанӯз дар ҷумҳурӣ таъсирбахш буд.

Вале дар соли 2015 раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабириро дар омодакунии ошӯби мусаллаҳона айбдор мекунанд, ӯ аз кишвар мегурезад. Сипас ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гардида, фаъолияташ дар қаламрави мамлакати тамоман мамнӯъ мегардад.

Роҳбарияти ҳизб ба ҳабс гирифта шуда, аъзои оддии он ё ба ҳизби ҳукмронии Халқӣ-демократӣ мегузаранд, ё ба таври ошкор мегӯянд, ки сиёсати ҲНИТ-ро дастгирӣ накардаанд. Қувваи асосии мухолифин, вориси исломгароёни замони ҷанги шаҳрвандӣ, ғайриқонунӣ эълон шуд, аммо низои дохилӣ дар ҷомеа ҳанӯз ҳам пойдор буд.

Мушкилот ва хурофотҳои динӣ боқӣ вуҷуд доштанд, ки аксаран ба афкори ҷомеа таъсир мерасониданду, иштибоҳона ба қисми ҷудонопазири урфу одатҳои исломӣ ироа мешуданд.

Чунин хурофот, яъне куркурона риоя кардани меъёрҳои Қуръон, одатан ба нодуруст фаҳмидани моҳияти дохилӣ ва ҳақиқии ақоиди динӣ меоварад.

Вақте ки аъзоёни ҲНИТ ба ҳадди ақал ҳам бошад, дар сари қудрат буданд, чунин мавъизаҳо аксар вақт аз минбарҳои масоҷид шунида мешуд. Вале замоне, ки ҳизб аз кишвар ронда шуда буд, бунёдгароии динӣ дар Тоҷикистон куллан ба пинҳонкорӣ гузашт, вале дар айни замон қисман дар ҳаёти ҳаррӯза боқӣ монд ва худро дар хориҷи кишвар каму беш зоҳир намуд.

Раҳимов Қудратулло, мутахассиси фанни таърихи шуъбаи маориф

 

Ҳеҷ овозе нест