АМАЛҲОИ НОПОКИ ҲНИТ ДАР ВОҚЕАҲОИ ФЕВРАЛИ 1990

Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Қаҳҳор Маҳкамов, ки ҳама бори гуноҳи ин ҳаводисро бар гарданаш ҳавола мекарданд, муддатҳои тӯлонӣ даври ҳодисаҳои февралӣ хомӯш буд. Ҳар гуфтаю навиштаро нисбат ба худ таҳаммул мекард. Шояд мунтазир буд, ки суханони дар он солҳо ба истеъфоталабон гуфтааш аввал тасдиқи худро ёбанд: «Ман мераваму шумо пушаймон мешавед». Ва сипас пардаи болои асрори нуҳуфтаро бардарид. Шояд медонист, ки аз умраш он қадар зиёд намондааст ва набояд асрори он рӯзҳоро бо худ бурд... 22-юми майи соли 2014 дар маҳфили «Муколамаи таммадунҳо», ки поягузору таҳиякораш олиму рӯзноманигори шинохта Иброҳим Усмонов мебошад, Қаҳҳор Маҳкамов иштирок намуд. Бори аввал буд, ки ӯ дар бораи ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990, ки бадбахтиҳои фоҷиаборе бар сари миллати тоҷик оварданд, алоҳида нуктаҳоро ёдовар шуд. Ӯ хомӯшии 23 - солаашро бишкаст. Ҳарфҳоеро ба забон овард, ки тамоми ҷомеа ба шунидашон интизор буд.

Қаҳҳор Маҳкамов аввалин касе буд, ки хақиқатро гуфт. Зеро шоҳиди зиндаи таърихи онрӯза буд. Номбурда дар ин нишаст рӯирост изҳор дошт, ки «нахустин эътирозгарони ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 бо таҳрики қозикалони вақт, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба кӯча баромада буданд». Таҳиягарони воқеаҳои февралӣ барои бедор намудани ҳисси эътирозии мардум, овозаи муносиберо бофта буданд: «Маҳкамов барои гурезаҳои арман хона медиҳад». Хеле мақсадноку нишонрас. Далелҳои кӯчонидани арманиҳои гуреза ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар он рӯзҳо ҷой доштанд. Вале барои гурӯҳи ноогоҳ муътамад, мардумеро, ки солиёни дароз дар навбати хона меистоданд ба ғазаб оварду онҳоро ба майдон кашид. Барои бештар шудани теъдоди эътирозгарон дигар баҳонае вуҷуд надошт. Роҳбарони ҳамонвақтаи ҲНИТ, ки Акбари Тӯраҷонзода яке аз онҳо буд, аксарияти намозгузорони масҷидҳои Ваҳдату ноҳияи Рӯдакиро бо фиреб ба майдонҳои Душанбе оварданд. Касоне намерафтанд, барояшон савгандҳои сангини хислати эътиқодидошта дода мешуд. «Иштиҳо ҳангоми тановул пайдо мешавад» - гӯён, дигар мавзӯи арманиҳову хона фаромӯш шуду талаботи дигар, аз қабили истеъфои ҳукумату роҳбарияти он пеш гузошта шуд.

Ана ҳамин гуна амалҳои нопоки ҲНИТ аз ҳамон давра то ҳозир фаромуш нашудааст. Падаркасбии роҳбарони пешинаро имрӯз М.Кабирӣ ба уҳда гирифтааст ва берун аз ватан ки ҳаст, зӯраш ба муҳоҷирон расида истодааст.

Маҷидзода А, муҳаррири “Гулистон”

Миёна: 6 (1 vote)