ДӮСТОНИ ДЕРИНИ ҚИРҒИЗ

Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аз қадиммулайём миллату халқиятҳои гуногун бо хусусиятҳои хосаи ташаккули худ дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ мекарданд. Онон аз як чашмаю сой об менӯшиданд, ба хонаи якдигар равуо мекарданд, дар тӯю тамошо ва маъракаҳои азодорӣ бо ҳамдигар меҳрубонӣ доштанд. Ин хислатҳои наҷиби инсондӯстона аллакай дар ирсияти аҷдодону авлодони оянда нақш бастаасту ягон кас натавонад, ки ин фазилатҳоро аз тинати онон берун кунад. Зеро, ҳамагон хуб медонанд, ки байни миллатҳои тоҷику ӯзбек, ӯзбеку қирғиз, тоҷику қирғиз ва дигар миллату халқиятҳои Осиёи Марказӣ аз қадим сарҳаде вуҷуд надошту онон ба якдигар ба воситаи арӯс овардану арӯсдиҳӣ хешу табор мешуданд. Ин ҳаёти осоиштаю ороми ҷомеаро, ки макони файзу баракот буд, душманони дохилию хориҷӣ, ки дар ботинашон сиёҳдилию дасисабозӣ ва бахилию разилӣ бартарӣ дорад, дида натавониста давоми солҳои тӯлонӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки байни ин мардуми оддии заҳматкаш тафриқаандозӣ намоянду онҳоро бо якдигар муқобил андозанд, яъне ҷангу ҷиддол орому осоиштагии ононро халалдор созад.

Ғараз аз ин амалҳои нопок соҳиб гаштан ба манфиати иқтисодӣ асту бас. Зеро, дар айёми нооромӣ ва сарсану саргардонии мардум бо ҳар усулу восита соҳиби маблағи муфт шудан осонтар аст. Чунин ҳоли ҳузнангезро солҳои охир дар сар задани муноқишпҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, хусусан ҳудуди ноҳияи Исфара метавон мушоҳида намуд. Нафарони палиду разили тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки имрӯзҳо соҳиби мансабчаҳоанд, мардуми соддаю зудбовари миллати дӯсти қирғизро бо нағмаю найрангҳои устокорона фирефта бар зидди ҳамсоягони худ бо сангу каланд, яроқу туфанг ва ғайра метезонанд. Хушбахтона, сарварони ҳарду мамлакати бо ҳам дӯст, яъне Тоҷикистону Қирғизистон тавонистанд, ки пеши муноқишаи байни миллатҳоро гиранд ва сулҳу оромиро дар ин мавзеъ барқарор созанд. Аслан, таҳаммулпазириву оқилӣ, раиятпарварию одилии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбек Женбековро ҳар як шахси бомаърифат ба худ намунаи ибрат донаду аз ҳарзагӯиву дасисабозии сиёҳдилон худро канор гирад ва бо онон тавассути сухану рафтори шоиста муборизаи беамонро ба худ пеша намояд.

 

Хидиров А, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест