УСТУХОН ДАР ГУЛӮЪ
30 сол пеш, дар даҳаи дуюми моҳи феврали соли 1990 дар пойтахти кишварамон ҳодисаи даҳшатангезе рух дода буд, ки онро “Баҳманмоҳи хунин” номида буданд. Дар сарзамини Тоҷикон садсолаҳо боз чунин хуни тоҷик нарехта буд. “Баҳманмоҳ” оғози ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон гардид.
Вақте, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хурд, нақшаҳои Оппозитсион ба кор даромад. Онҳо сараввал ба воситаи митингу ҳамоишҳо Президенти ҳамонвақта Қаҳор Маҳкамовро таҳти фишору маломат қарор доданд ва ба ҳар роҳу усул аз сари қудрат барканор карданд. Пасон ба плани “Б” гузаштанд...
Аммо бо чи мақсаду ният ин муноқишаҳои хунин сар зад? – вақте дар як ҷаласаи ҳукуматӣ дар оинаи нилгун мардуми тоҷик шоҳиди он гаштанд, ки чи гуна ҳоҷи Акбар Тураҷонзода рӯ ба экран намуд ва бо бовариаш “Чашмак” зад. Ин “Сигнал”-и иғвоангезонае буд, шояд барои хоҷагону ҳаммаслаконаш бонги хатаре.
Шоҳиди асосии ҳамон давра худи марҳум Қаҳор Маҳкамов буд, ки баъд аз чанд соли хомӯшӣ якчанд суханҳои ногуфтаи худро дар яке аз маҳфили “Бунёди муколамаи тамаддунҳо» дар назди иштирокчиён, ки бештарашон таърихчиёну рузноманигорон буданд, арз намуд. Қаҳҳор Маҳкамов аввалин касе буд, ки хақиқатро гуфт. Зеро шоҳиди зиндаи таърихи онрӯза буд.
Номбурда дар ин нишаст рӯирост изҳор дошт, ки «нахустин эътирозгарони ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 бо таҳрики қозикалони вақт, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба кӯча баромада буданд. Таҳиягарони воқеаҳои февралӣ барои бедор намудани ҳисси эътирозии мардум, овозаи муносиберо бофта буданд: “Маҳкамов барои гурезаҳои арманӣ хона медиҳад...” Воқеъан дар он шабу рӯз чанд хонаводаи арманитабор дар пайи воқеъаи зилзилаи маргбори Спитак дар Арманистон ва хароб шудани манзилашон ба назди пайвандони худ ба Душанбе омада буданд. Баъд аз вуқӯъи ин ҳодисаҳо арманиҳои муҳоҷир Тоҷикистонро тарк карданд ва гуфтанд, ки намехоҳанд ҳузури онҳо дар Душанбе боъиси фоҷеъае барои мардуми тоҷик шавад. Роҳбарони ҳамонвақтаи ҲНИТ, ки Акбари Тӯраҷонзода яке аз онҳо буд, аксарияти намозгузорони масҷидҳои Ваҳдату ноҳияи Рӯдакиро бо фиреб ба майдонҳои Душанбе оварданд. Касоне намерафтанд, барояшон савгандҳои сангини хислати эътиқодидошта дода мешуд. Дигар мавзӯи арманиҳову хона фаромӯш шуду истеъфои ҳукумату роҳбарияти он пеш гузошта шуд»...
«То вақте ман зиндаам, дар гулӯи тоҷикон ҳамчун устухон дармемонам» - нидо карда буд, собиқ қозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоҷи Акбар Тураҷонзода дар яке аз суханрониҳояш. Ин дар ҳамон даврае буд, ки гурӯҳҳои Иттиҳоди Неруъҳои Оппозитсиони Тоҷик (ИНОТ) аллакай ҳукуматро ғасб карда буданд (1992-1993) ва аллакай дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ идома меёфт. Он давра ғайр аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва якчанд кумитаву идораҳо, боқимонда дигар корхонаҳо, хусусан телевизиону радио таҳти назорати ИНОТ буд. Дар оғози ахбору барномаҳо дигар Гимни Ҷумҳурии Тоҷикистон садо намедод. Ба ҷои ин ким-кадом гимни ношиносеро интишор медоданд, ки бо лаҳҷаҳои эронӣ замзама мекарданд. Дар барномаҳои махсусашон “Руҳониён”-ро даъват намуда, мизҳо ташкил менамуданд. Дар ин барномаҳои Бемаърифатию Бефарҳангияшон чи суханҳое намегуфтанд. Худованд, ки аз аъмолу рафтори нопоки онҳо хабардор буд ва барои ҳамин нияташон барои ҳукмронӣ дер боз напоиданд.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳанӯз дар соли 1998 бо изҳори пушаймонӣ навишта буд, ки: «…дар ба миён омадани ин фоҷиаи азим бар сари миллат ҳамаи дастандаркорони ҳамонрӯза, аз ҷумла банда, гунаҳкор ҳастем. Банда ин мавзӯъро ба хубӣ дарк намуд, гоҳе аз эҳсоси гуноҳу пушаймонӣ ва гоҳе аз эҳсоси аҷзу нотавонӣ ба худ мепечидам, ки чаро пеши роҳи чунин шакл гирифтани ҳодисаҳо ва рехта шудани хуни поки фарзандони ин сарзамини муқаддас, ятиму бепарастор мондани даҳҳо ҳазор тифли маъсум ва таҳқир шудани ҳазорҳо хоҳару модари тоҷикро нагирифтам»... (Китоби «Миёни обу оташ», саҳ. 59).
Якчанд соле пас, дар яке аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) Ойниҳол Бобоназарова номзадии худро пешниҳод намуд. Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик расман номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) пешниҳод шуд. Ин занро роҳбарияти ҲНИТ тарафдорӣ ва пешбарӣ намуданд. Хусусан ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҳамчун сухангӯй ӯро ҳамроҳӣ менамуд. Аммо, дере нагузашта, Ойниҳол Бобоназарова номзадии худро аз рӯйхати номзадон гирифт ва Тураҷонзода мавқеъашро дигар кард.
Устухон дар гулӯ будани ӯ то ҳол маълум буд. То он даме, ки роҳбарияти нави ҲНИТ дар симои Муҳиддин Кабирӣ бо усули террористӣ ва дастгирии хоҷагони доимии бегонаашон, моҳи сентябри соли 2015 аз нав талош карданд, ки ҳодисаҳои солҳои 90-умро дар Тоҷикистон такрор кунанд. Вале тирашон хок хӯрд. Ҳоло ҳам аз нақшаҳои душманонаашон алайҳи миллати худ даст накашидаанд. Ғояю ақидаи бегона дар майнаашон якумра шах бастааст. Даҳоне, ки аз табақи дигарон ширинаш кардаанд, оромашон намегузорад. Шириние, ки оқибаташ ҳамеша талх аст. Онҳо бояд қарзи худро ба хоҷагонашон баргардонанд. Бо фурӯхтани миллату миҳани худ. Онҳо фурӯхта буданду кӯшиши фурӯхтан доранд.
Сенарияҳои солҳои 1990 ва 1992-юмро ТЭТ ҲНИ мехоҳад имрӯз такрор намояд. Чи гуна дар он давраҳо чандин шоирону нависандагон, олимон ва мусулмунони содаи халқи моро ба доми фиреби худ дароварда, аз онҳо истифода карданду хуни миллати худро резониданд.
“Гурӯҳи 24”-яке аз гурӯҳҳои ифротие, ки солҳои охир ба мисли сагчае, ки аз майдон гурехта, аз дур аккос мезанад, дар барномаи шабакавии “Садои мардум” ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе баромад карда, боз ҳамон мардуми содаи моро ба доми фиреби худ кашида, сафи тарафдоронашро зиёд мекунад. Онҳо бештар муҳоҷиронро пуштибонӣ менамоянд ва аз онҳо барояшон сарбоз метарошанд. Онҳо боз бародарро бо додар душман тайёр мекунанд. Чун, аз як оила бародар дар ҳудуди кишвар кору фаъолият мекунаду додараш бошад ба хости худ ба муҳоҷират рафтааст. Аммо ин разилон инро дониста, танҳо ба манфиати худашон кор мебаранд. Агар Худо накунаду онҳо дар дохили кишвар бошанд, заррае дигар аз муҳоҷирон ёд нахоҳанд кард. Инро таърих нишон додааст, ки чи гуна баъди истиқрори сулҳ (баъди соли 1997) ИНОТ 33% мансабҳоро соҳиб шуд ва фикре дигар аз пасмондаҳояшон накарданд.
Дар “Садои мардум” ки корашон фақат даъват аст, шахсе аз барандааш суол мекунад, ки “мо чи гуна хабардор мешавем аз оғози инқилобатон?”. Дар ҷавоб гуфт: -“интизор шавед, вақту соаташ ки биёяд, худатон мефаҳмед”. Пас маълум аст ки ин гурӯҳ низ ба мисли бобояш сигналеро интишор доданист? Аммо, мо ки шоҳиди он рӯзҳои хунин будем, намехоҳем ки дигарбора ин рӯзҳо такрор ёбад. Ва аз наслҳои ҷавону наврас хоҳиши онро дорем, ки ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин гуна гурӯҳчаҳо нагарданду ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Доимо дар ҳифзи амнияту хизмати ватани азизамон бошед, ҳамватанони азиз!
Тоҷиддин Вадудов, омӯзгор