ТАҚСИМИ МАРЗ БО РОҲИ ДИПЛОМАТӢ

Ҳафтаи гузашта дар Ботканд нишшасти ҳайати ҳукуматии Тоҷикистону Қирғзистон дар масъалаҳои марзӣ оғоз шуда буд. Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва Қирғизистонро низ муовини сарвазир Акрам Мадумаров намояндагӣ карда буданд. Ба ҳайати ҳукуматии ҳарду кишвар мақомдорони низомӣ ва роҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд шомиланд. Ҷонибҳо дар суханронии муқаддимавиашон ҳарду умед бар ҳалли ҳарчи зудтари масоли марзӣ байни ду кишвар баста буданд. Дар рӯзномаи маҷлис кори ояндаи ҳайатҳои ҳукуматӣ дар муайян кардани хати марзи давлатӣ, масоили таҳкими амнияти марзӣ ва ҳамкориҳо баррасӣ гардида буд.

Аз рӯзҳои даҳҳаи аввали моҳи феврал кори комиссияи салоҳиятдори ду ҷониб таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Жениш Раззоқов, муовини сарвазири Қирғизистон дар марз идома дошт.

Дар пешбурди кори Комиссияи муайян ва аломатгузории марз аз тарафи Тоҷикистон ба ҳисоби Азим Иброҳим 18 нафари дигар шомил ҳастанд ва ҷониби Қирғизистон низ ба ҷуз муовини сарвазир Раззоқов, шумори ашхоси лозимро ҷалб намудааст.

“Ман боварии комил дорам, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ин масъалаҳо бо роҳи дипломатӣ ва баробарарзиш ҳал мешаванд. Мо имрӯз ягон ваҷаб замини худро бе асос ба ягон кас намедиҳем. Ворух анклав нест ва масъалаҳои тақсими марз дар доираи гуфтушуниди ҷонибҳо ҳал карда мешавад”, - таъкид намуда буд Аҳмадзода.

Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол 987 километр марзи муштарак доранд. Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳо, ки соли 2001 ду кишвар эҷод карданд, танҳо соли 2013 тавонист 520 километри марзро дар қисматҳои баландкӯҳ тасбит кунад.

Ҳайатҳои ду кишвар дар Исфара ҳоло тасмим гирифтаанд дар қадами аввал 114 километри онро дар қисматҳои Самарқандак ва Кӯктош (ҳамсоя бо Сомониёни Исфара) таъйин ва аломатгузорӣ кунанд ва ин ба ба он маъност, ки кори 353 километри дигар, бахусус минтақаи Ворух ба баъд афтодааст.

Бақия 467 километри он ба вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рост меояд, ки то ба ҳол муайян нашудааст.

Лутфуллои Мирализода, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест