РӮСИЁҲИЕ АЗ ИН БЕШ НЕСТ!

Барои Кабирӣ ва ёронаш долонҳои махсусомодакардаи охундҳои эронӣ ниҳоят тангӣ карду ҷӯёи минбари нав-саҳнаи гуфтугӯи мустақими интернетӣ, чун «найранги нави маҳбубият» мехоҳад аз «ҷамоли нав» маҳбубу муниси хоҷагонашон бошад. Вале ҳайҳот, ай нобакори шариатзадаи халқу миллат, дигар ба ягон нағмаву усули бароят иншошуда мақому манзалат намеёбӣ!     

         Барои ҳамагон рӯшан буд, ки ҳама саволу ҷавобҳо тайи муддати мадид омода шуда, амали таҳрезишудаи шумо-хиёнатпешагони миллату давлати Тоҷикистон асту касеро аз ин ҳарзагӯиҳои шумоён парвое нест. Зеро симои дуруғини шумо, нафратзадаҳои миллату давлат бо ин ҳама амалҳои ҳангомаҷӯёнаатон якбора ба нафрини халқ гирифтон мешавед. Амалҳои ифротию терористии шуморо ҳама билкулл дар кадом ҷомае, ки содир накунед медонанду дигар ба сафсатагӯиҳоятон бовар надоранд.

Дониста бошед, ки дар даҳсолаҳои охир  ҳодисаҳои ифротгароӣ то чанде васеътар доман паҳн мекунанд, ки ба тасаввуроту фаҳмиши динию мазҳабӣ алоқаманд мебошанд. Мақсади шумо-ифротгарони динӣ ва ҷонибдоронатон аниқтараш хизматгорони хоҷагони хориҷӣ, ин бо роҳи зурӣ дар ватани маҳбуби мо тағйир додани сохти давлатдорӣ-конститутсионӣ ғасби ҳокимият ва барҳамзадани истиқлолияти сиёсӣ, дастовардҳои миллӣ ва якпорчагии давлат равона карда шуда,таъминот ва рамзҳои диниро ҳамчун омили ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ва суистифодаи онҳоро дар мубориза оштинопазир истифода бурданӣ ҳастед. Шумо-ифротиён асосан аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ маблағгузорӣ ва идора карда мешавед ва  ин маблағҳо на барои рушду пешрафт ва ободии давлат, балки барои ноором сохтани ҷомеа ба ҳар роҳу восита, бо нақшаҳои пешакӣ тарҳрезӣ гардида, истифода мешаванд. Мисоли равшани чунин амалҳои номатлуб фаъолияти шумову  ҲНИ-и тероринасаб мебошад, ки баъди фош гаштани мақсадҳои ғаразнокатон фаъолиятатон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористию экстремистӣ, ифротгаро бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми сентябри соли 2015 қатъ карда шуда буд.

    Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад ё динӣ ё дунявӣ, аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини мо он ҳеҷ гоҳ қабул намегардад, чунки ин зуҳуроти хунбор ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ваҳшиёна поймол мекунанд. Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти давлат, минтақа, ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

    Ай ҳамватани азиз, бо масъулият дониста бошем ва барои ҳамин ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд ва баҳри дафъу решакан гардонидани ин марази маргзо аз тамоми имкониятҳои маънавию иқтисодӣ, сиёсӣ ва қудрати хиради аъзами миллати тоҷик сафарбар гарданд.  Дониста бошем, ки назҳатиҳо-ин гуруҳи бадхоҳи пешрафти давлати мо ҳаргиз оромии давлату халқи азизи моро намехоҳанд. Ҳар он кас ки дар ин муборизаи шадид мавқеи бетарафӣ меҷӯяд на ҷавонмард асту на ватандор.

 

         Ғ. Сафаров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест