ИСТИРДОДИ ЧОРУМИН ТЕРРОРИСТ БА ТОҶИКИСТОН

Ҳафтаи сипаригашта яке аз аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Шовализода Ҳизбулло Абдуллоро аз Ҷумҳурии Австрия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод намуданд. Тибқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, Шовализода Ҳизбулло соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданаш ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ворид шуда, бо мақсади минбаъд содир намудани актҳои террористӣ, ноором гардонидани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2019 дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ гирифтааст.

Шовализода Ҳизбулло зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307(3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) ва 305 қисми 1 (хиёнат ба давлат) КҶ ҶТ пешбинишуда дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар ҳудуди ин кишвар дастгир гардид.

Дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратии  Иттиҳоди Аврупо якчанд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон          Шералӣ Лоиқӣ, Ҳаётов Мустафо ва Зуҳуров Комрон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар Аврупо паноҳ мебурданд, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супорида шудаанд.

Шовализода Ҳ.А. чорумин аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид.

Ҳамаи номбаршудагон дар пойгоҳҳои махсуси хориҷи кишвар омодагии ҷангиву диверсионӣ гирифта, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, қасди анҷом додани амалҳои террористӣ доштанд.

 

Маҷидзода А, мухбири “Гулистон”

Ҳеҷ овозе нест