ҲИМОЯИ ҲАР ЯК ПОРЧАИ ЗАМИНИ ВАТАН БАРОИ МО МУҚАДДАСТ АСТ

Бе Ватан бе сарнавиштам,

Донаи нокишти киштам.

Бо Ватан бо рӯи рӯзам,

Дар Ватан чун дар биҳиштам

Резасангам гавҳари ман,

Кӯҳи болояш сари ман.

Хоки покаш пора аз дил,

Ӯ азиз чун модари ман.

Халқи тоҷик аз зумраи он халқҳоест, ки бо таърихи тўлонӣ, адабиёти оламшумул, эҷодкориву фарзонагӣ, офарандагиву бунёдкорӣ ва манзалати хеш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун эҷодкорони тамаддуни қадими Шарқ арзи ҳастӣ намудаанд ва ба таъриху фарҳанги башарият саҳми арзишманд ворид кардаанд.

Ин аст, ки эҳёи анъанаҳои миллӣ, расму оин ва тарғиби фарҳангу маданияти миллӣ дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳнамоиву дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вусъат меёбад. Ин амал заминаи боэътимод дар тарбияи худшиносиву ватанпарварии ҳар як фарди кишвари соҳибистиқлол мебошад.

Солҳои охир миёни Тоҷикистону Қиризистон муноқишаҳои сарҳадӣ зиёд рух медиҳанд, ки боиси марги чандин тан сокинони ҳарду тараф гардидааст.

Ҳоло он, ки дар ҳуҷҷатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушахас гардидааст. Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби бародарони қирғиз дар масъалаҳои марзӣ мардуми Тоҷикистонро ба шӯр оварда, чунин ҳолатҳо сабри ин миллати куҳанбунёдро лабрез кардааст.

Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд.

Тавре, огаҳӣ дорем муносибатҳо дар сатҳи олии давлатӣ хуб асту аммо дар тарафи муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёнӣ (маҳалла) худсарона ба анҷоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва тамоми санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Инҷо савол ба миён меояд, ки чаро ҳукумати марказии Қирғизистон пеши роҳи шаҳрвандони худро гирифта наметавонад ё чаро сатҳи поёнӣ ба ҳукумати марказӣ итоат намекунад? Аз эҳтимол ҳам дур нест, ки дар ин кор худи давлат ҳам даст дошта бошад ва мардумро ба чунин кор сафарбар кунад?!

Мавриди зикри хос аст, ки мардумони кунании минтақаи Осиёи марказӣ аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамзистӣ ва дӯстӣ ниёз доранд. Пайдост, ки наслҳо пайи ҳам омада, боз мераванд, аммо дӯстӣ мисли хуршеду моҳ ҷовидон аст. Дӯстӣ миёни халқҳои минтақа танҳо саодату хушбахтӣ меорад, вале душманиву ҷанг бошад рӯзи сахту харобӣ.

 

Бойматзода А, сармуҳаррири “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест