ВАЗЪИ МАРЗ БО ҚИРҒИЗ ДАР ДАҲАИ АВВАЛИ МОҲИ МАРТ

Назир Муҳаммадализода - Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон умедвор аст, ки ихтилофоти ин ду кишвари ҳамсоя бар сари аломатгузории марзҳои муштарак дар ояндаи наздик ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Сафир ба Алишер Абдураҳмонов - раиси вилояти Бодканди Қирғизистон гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон тамоми талоши худро барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ва омодасозии созишномаи ниҳоии аломатгузории марзҳои муштараки ин ду кишвари ҳамсоя ба харҷ хоҳад дод.

Аммо мутаасифона баъзе мушкилиҳое пайдо мегарданд ки аз ҷониби худи қирғизҳо  ба амал меояд.  Чунончӣ, қирғизҳои деҳаи Оқ-сой дар минтақаи ҳанӯз муайянношудаи марзӣ худсарона ба сохтмони манзилҳо шурӯъ кардаанд –мегӯянд  сокинони наздимарзии Ворух дар шаҳри Исфара.

Сокинон аз деҳаи Ворух мегуянд, чанд рӯз аст, ки сокинони Оқ-сойи Қирғизистон дар заминҳои то ба ҳол аломатгузориношудаи марзӣ ба сохтмони бинову манзилҳои истиқоматӣ сар кардаанд. Ҳафтаи сипаригашта, сарҳадбонони қирғиз ба боғи ду сокини ҷамоати деҳоти Ворух воқеъ дар мавзеъи Лочин ва Меҳнатобод ворид шуда ва ҳудуди сад ниҳоли дарахтро шикаставу бурридаанд.

Ба қавли сокинони Исфара, ҷониби қирғизҳо ба сохтмони биноҳо дар мавзеъи миёни деҳоти Чоркӯҳ дар минтақаи Сангтуда сар кардаанд, ки ҳоло аслан ба кадом ҷониб тааллуқ доштани ин заминҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, боғе, ки аз сӯи қирғизҳо буррида шудааст, ба сокинон Каримбой Бобомуллоев ва Зуҳрон Каримов тааллуқ дорад. Зимнан аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ҷониб чунин амалкарди хилофи қонунии ҷониби қирғизҳо таҳқиқ карда мешавад.

Алихон Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест