ЗУЛМИ НАҲЗАТИЁН АЗ КОВИД ҲАМ БАДТАР АСТ

Имрӯз тамоми сайёра ба муқобили бемории сироятии коронавирус муборизаи беамон бурда истодааст. Тибқи маълумотҳои пизишкон, ки то имрӯз зиёда аз 3 миллион одамони сайёра ба ин беморӣ мубтало шудаанд, аммо маълум мешавад, ки қариб нисфи ин беморон шифо ёфта истодаанд. Яъне, умед аст, ки фардо аҳли башар аз ин вабо раҳо меёбад ва ҳама ба зиндагии осуда бармегарданд.

Ин вабо тӣақрибан як моҳ мешавад, ки дар кишвари мо ворид шудааст ва куллли мардуми кишвару давлату миллатамон мубориза доранд. Дар ҳолатҳои нангину душвор ҳар он кас кас ки дастгирии иҷтимоию иқтисодӣ ва руҳӣ мекунад, ин нишонаи муҳаббат ва дӯстонааст.

Аммо чи гӯем барои он касону нокасоне, ки имрӯз ба ҷойи он ки ба мардуми дохилу хориҷи кишвар дасти кумак дароз кунанд, баръакс, ба ҷойи сухта намакоб мепошанд. Муҳидин Кабирӣ, Шарофидин Гадоев, Муҳамадиқболи Садридин ва дигар ҳаммаслаконашон, ки имрӯз дар мулки мардум рафта лофи тоҷикиб ватандорӣ мезананд. Онҳо намедонанд, ки худашон дар ботлоқи айбу гуноҳ ғутидаанду боз қасду нияти пораи замини поки моро доранд.

Коронавирус дар рӯйи замин ҷони зиёда аз 30 ҳазор нафарро бурда бошад, ин гурӯҳи босмачиҳо дар ҷангҳои шаҳрвандие, ки ташкил карданд ҷони 150 ҳазор касонро аз байн бурданд. Куштанд, дуздиданд, ғорат заданд, оташ заданд, таҷовуз карданд, ҳамаи корҳои номатлубу зиштро анҷом доданд. Ба ин нигоҳ накарда, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳу осоиш бо роҳбарони наҳзатиён сулҳ баст. Аммо онҳо ин хубиро низ нафаҳмиданд. Шоири бузургу зиндаёд Абдураҳмони Ҷомӣ барои чунин нокасон мисраеро ёд кардааст, ки: “Неши ақраб на аз раҳи кин аст...”.

Барои ин беномусон чи қадар сухан гӯем кам аст, аммо ҳайф мешуморем он лаҳзаи ҳаётро ки барои чунин нокасону беномусон, хиёнаткорон, босмачиён, хуллас чи сухани пасте гӯем арзанда аст сарф намоем.

Вадудов Т, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест