ТОҶИКОН НИЗ ВАБОРО ПАСИ САР ДОРАНД

Имрӯз, дар шароити бадтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон, зарурати муассисаҳои тиббӣ ба мошини ёрии таъҷилӣ афзоиш ёфтааст. Бо мақсади васеъ кардани парки махсуси нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемия нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд. ҳар як нақлиёти фиристода барои кормандони тиб ҳамчунин таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ дошт. Мошинҳо барои тақсимоти минбаъда дар байни муассисаҳои тиббӣ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.

Ҳамсоякишвари Ӯзбекистон дар мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, доруворӣ, хилъатҳои муҳофизатӣ, дастпушу ниқобҳоро ирсол намудааст. Ҷумҳурии Қазоқистон 5 ҳазор тонна орд, ҶИ Эрон ва Ҷумҳурии халқии Хитой низ кумакҳои худро дареғ надоштанд.

Инчунин гуруҳи эпидемиологҳо ва вирусшиносон, ки таҷрибаи кор дар мубориза бо коронавирусро доро ҳастанд, озими Тоҷикистон гардитдаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 23 январи соли 2020, №37 Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сироятҳои вирусӣ таъсис дода шуда, 24 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 30 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардиданд. Инчунин, бо мақсади ташкил ва пурзӯр намудани назорати эпидемиологии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 феврали соли 2020, №59 Дастурамал “Оид ба фаъолияти гурӯҳҳои мобилии зудамал бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рӯйхати гурӯҳҳои мобилии зудамал тасдиқ гардида аст.

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест