ВОХУРИҲОИ СУДМАНДИ САФИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

2_d_850_0.jpg

ВОХУРИҲОИ СУДМАНДИ САФИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

Ҳафтаи сипаригашта Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Сафири Тоҷикистон масъалаи сарҳад ва мулоқотҳои сатҳи баланд миёни намояндагони ҳарду кишварро баррасӣ кардаанд

Дафтари матбуотии ин вазорат хабар додааст, ки Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода барои муколама оид ба масъалаҳои сарҳад ба Вазорати корҳои хориҷӣ омадааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо омодагӣ ба мулоқотҳои намояндагони кишварҳоро дар сатҳи олӣ муҳокима кардаанд. Гуфта мешавад, тадбирҳои мазкур ба ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои баррасишаванда равона карда мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон изҳор доштааст, ки зимни мулоқот ба омодасозии босифати қисмати ин чорабиниҳо диққати махсус дода шуд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин ҷонибҳо алоҳида инъикоси ҳодисаҳои сарҳадро дар васоити ахбори умуми ҷумҳурҳо баррасӣ намуда, роҳ надодан ба барангехтани адовати қавмиро бо ёрии ин мавзӯъ қайд карданд.

       

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест