НЕШИ ҲНИ ЧУН НЕШИ АҚРАБЕСТ

 

         Тақрибан си сол пеш Тоҷикистон ба мусибате дучор гашт. Даҳшату ваҳшат дунболагири миллати тоҷик гардида буд. миллате, ки тули қарнҳо намунаи ибрати дигар қавму қабила ва халқу миллатҳо буд ва аз фарҳангу тамаддуни офаридааш ҳатто дигарон баҳра мебурданд ва мисли гавҳараки чашм ҳифз мекарданд. Миллате, ки Рудакию Фирдавсӣ, Синою Ҷомӣ ва дигар бузӯргони ҷаҳониро тавлид ва тарбия намуда аст.

         Ин мусибат – ҷанги бародаркуш буд, ки тамоми мардум ҳатто бовариашонро аз даст дода буданд ва бовар надоштанд, ки ин шоми нафсу касифонро поён аст ва ба зудӣ субҳи умед медамад.

         Бо мурури замон  кишвари азизамон, ки замоне аз дасти хоинон ва нохалафон ба харобазор табдил ёфта буд, дубора гулгулшукуфон гардид. Мардум умеду орзуи аз даст додаро дубора ба даст оварданд ва муттаҳидона дар рушду нумӯъи кишварамон саҳми бебаҳои худро мегузоштанд. Ҳукумати кунунии кишвар ба хотири амну осоиши мамлакат шахсони хиёнаткардаву гунаҳкоронро бахшиду онҳоро бо худ ҳамроҳ сохту якҷоя ба пешравӣ майл карданд. Ба хотири ислоҳ шудан ва ба иззати нафси онҳо нарасидан бе маҷбурӣ лозим омад ки ҳамаи рӯзҳои сиёҳро фаромуш созем. То ки роҳи созандагию ободонӣ равшантар гардад.

         Аммо чи ҳоҷату ҳуҷҷати дигар аст, вақте ки устод Ҷомӣ неши ақрабро мубталои табиат номида буд. хоин ба мисли ҳамон ақраб аст,вақте ки аз мушкилӣ барояд боз неш мезанад.

         Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломие, ки дар Тоҷикистон ҳизби мамнӯъ аст, лаҳзае барои худ фурсати муносиб ёфта, дубора мехост Тоҷикистони тинҷу осударо ноором созад. Хушбахтона тирашон ба нишон нарасид ва аз кори нокоми худ ноумед шуда аз кишвар фирор намуданд.

         Акнун ин нохалафон на шарму на ҳаё надошта, аз дур истода ба мисли сагҳои шабгард аккос зада истодаанд. Тирамоҳи ҳамин сол, ки интихоботи Президентӣ баргузор мегардад, онҳо мехоҳанд нуқтаҳои сустию айбе ёфта, миллату давлатро бадном созад. Аз як тарафи дигар муҳоҷирони тоҷикро ба худ мутеъ намуда, сафи тарафдорони худро зиёд намоянд.

         Аз ҳамин лиҳоз, ба тамоми мардуми тоҷику тоҷикзабон гуфтаниям, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи чунин нохалафон нагарданд. Хусусан ба муҳоҷирон гуфтаниам, ки шумо ки дар ғарибеду ёди модару зану фарзанд доред, пас фаромуш насозед, ки ёди оила ҳам ёди ватан аст ва гарчанде дар дурӣ ҳам бошед ватанро шумо низ обод карда истодаед.

 

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест