ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ

Рӯзҳои сипаригашта, ки ба воситаҳои телевизонҳои Тоҷикистон силсилафилми мустанади “Хиёнат” пахш гардида буд, аз тамоми гӯшаву канори кишварамон вокунишҳои зиёде нисбати хиёнаткориҳои роҳбарияту аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба нашр мерасад.

Агар ба филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” баргардем хулосаҳои мо оиди андешаҳои дар филми зикршуда баён кардаи Мавлавӣ Айёмиддин (Сатторов) чунинанд:

1. Шоҳиди ҳол, яке аз асосгузорон ва идеологҳои ТЭТ ҲНИ Мавлавӣ Айёмиддин дар тамоми фаъолияти ҳизб даст доштани хоҷагони хориҷии онро, ки дар аввал намефахмид, таъқид менамояд ва бо далелҳои муътамади бо чашми худ дида исбот менамояд.

2. Бар хилофи қонунҳои Тоҷикистон аз маблағҳои хадамоти ҷосусии дигар кишварҳо истифода кардани ТЭТ ҲНИ -ро фош месозад, ки албатта, дар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон бастани онро тақвият мебахшад.

3. Дар имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ худро яке аз тарафҳо донистан, ки дар асл чунин набуд ва нестро таъқид мекунад. Созишнома бо тамоми қувваҳои мухолифини тоҷик буд, ки дар байни онҳо миллатпарварону миллатгароён, озодандешону ислоҳотхоҳони демократӣ, гуруҳҳои мазҳабӣ ва этникӣ имзо шуда буд. Мавлавӣ Аёмиддин (Сатторов) низ чунин андешаи коршиносонро, ки чандин сол боз мегӯянд тақвият дода, дуруст будани онро тасдиқ намуд.

4. ТЭТ ҲНИ ҳимоятгари дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ будани худро тарғиб мекард, ки дар асл баракси он будааст ва роҳбарияти кунунии ҳизб тоҷирони воқеӣ ва сиёсие ҳастанд, ки ба ғайр аз манфиати шахсиашон дигар ҳеҷ гуна манфиати миллию давлатиро эътироф намекунанд, ва ҳамон шиагароиашон хам ҷуз фиреби Эрон дигар чизе нест. Ва албатта дар баробари Мавлавӣ Аёмиддин чандин нафароне, чун Мулло Абдураҳим Каримову Эшон Қиёмиддини Ғозӣ ҳам пештар ин далелҳоро оварда симои манфури ТЭТ ҲНИ -ро ба мардум нишон дода буданд. Мо садҳо далелҳои дар матбуот нашршуда ва шифоҳи изҳоркардаи аъзоёни ин ТЭТ ро дидаем, ки бо сабаби дуруғгуйиҳо ва фиреби роҳбарияти он сафи ин ҳизбро тарк кардаанд.

5. Онҳо худро тарафдори сулҳу субот эълон кардаанд, вале аз изҳороти онҳо ва далелҳои Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва Мавлавӣ Аёмиддин чунин бармеояд, ки онҳо дар интихоботи соли 2020 агар ба кишвар роҳ наёбанд, бояд аз қувваҳои низомии худ кор гиранд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки онҳо новобаста аз Созишномаи имзокардаашон аз роҳҳои ҳалли низомии гирифтани ҳокимияти сиёсӣ даст накашидаанд ва ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 исботи ин нияти шуми онҳо буд ва беасос Ҳукуматро дар аҳдшиканӣ гунаҳкор мекунанд, ки ин ҳам аз рӯйи таҷрибаи дурӯғгӯйӣ ва пинҳон кардани ҳақиқат аз тарафи онҳо мебошад. Ва ҳоло боз изҳорот дода истодаанд, қуваҳҳои ҳарбӣ надоранд. Ин масъала бояд аз нав омӯхта шавад. Ҳол он, ки мувофиқи ахбори ВАО онҳо гурӯҳҳои низомиеро дар Афғонистон, покистон ва Эрон доранд ва пайвастани ин гурӯҳо барои амнияти минтақаи дунявии Осиёи Маркази хавфи ҷиддие хоҳад буд.

6. ҲНИ ҳеҷ вақт пойбанди Созишномаи умумии сулҳ набудааст, чун аъзоёни он силоҳ нигоҳ медоштаанд, дар дохили давлат дар вазифаҳои баланди ба онҳо боваркардашуда кор карда истода, ба муқобили давлати худ амалиётҳо анҷом медоданд, фарзандони мардумро зери ниқоби таҳсил ба хориҷи кишвар ба пойгоҳҳои низомӣ мефиристодаанд, ки Мавлавӣ Аёмиддин аз 4 чунин пойгоҳҳое, ки дар Эрон бо чашми худ дидааст нақл мекунад.

7. ТЭТ ҲНИ ҳеҷ вакт ин далелҳоро ошкор накардааст ва аз ин рӯ, ин кори онҳо ҳамчун хиёнат ба дину мазҳаб, хиёнат ба миллат ва давлат метавонад фаҳмида шавад.

8. Чун дар дини ислом дурӯғгӯйиро торикии имон мегӯянд пас бо дурӯғгӯйӣ ва фиреб додани мардум ва пинҳон доштани ҳақиқат оиди омилҳои қувватгирандаи зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ ба давлат ва миллати худ хиёнат кардаанд.

9. Дастаҳои ғоратгарону авбошонро зери номи ислом ва оинномаи худ муттаҳид карда, молу мулки мардумро тороҷ карда, ҳам номи дини мубини ислом ва ҳам миллати тоҷикро бо гуноҳҳои нобахшидании зидди мардумӣ олуда кардаанд, ки ин ҳам пинҳон кардани мақсадҳои шуми онҳо ва ҳақиқати таърихӣ ба шумор меравад.

Дар маҷмӯъ, бо роҳи мардумфиребӣ ва истифода аз номи поки дини ислом ин гурӯҳи хиёнаткор то тавонистааст моҳияти миллату давлати моро дар ҷаҳон нодуруст шарҳ додааст, ки ин хиёнати рӯйирост ба миллати мо ва фиреб додани ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад.

 

С. Сафаров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест