НАҲЗАТИЁН-САРБОЗОНИ ШАЙТОН

Дар гӯши касоне, ки зи ғафлат мастанд,

Овози хару нағмаи Довуд якест.

         Дар дафтари хотираҳои Қаҳрамони халқи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд хотирае сабт шудааст, ки барои ҳар як инсон сабақи хуби ватандӯстӣ дорад, ки онро айнан масал меорам: “Хок мехурему хокамонро ба касе намедиҳем. Ман ҳеҷ гоҳ гиря накардаам, чун агар гиря мекардам, Афғонистонро аз даст медодам, вале дар ин миён як бор натавонистам ашкамро нигоҳ дорам. Замоне буд, ки таҳти фишори сахти душман қарор доштем ва бидуни ғизо ва либоси гарм ба сар мебурдем. Рӯзе берун аз қароргоҳ рафтам ва занеро дидам, ки кӯдакеро дар бағал дошт. Кӯдак аз бағали модараш поён омад ва рафт тарафи буттае, алафашро барканд ва решаҳои пур аз хокашро хӯрдан гирифт. Тарсидам, ки модар ба тарафи ман фарёд мезанад ва мегӯяд: -Ай хок бар сарат Масъуд бо ин ҷангҳоят! Вале модар ба писараш гуфт: “Бихур писарам, боке надорад, хок мехурему хокамонро ба касе намедиҳем”. Дар он лаҳза аз суханони он модар бидуни ихтиёр аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд ва сахт гиристам”. Ана худшиносию ору номуси миллатдӯстию ватандорӣ.

         Оё дар ниҳоди ин самазвансҳои бо ном “миллатдӯст” “қаҳрамони шабакаҳои иҷтимоӣ” хӯҷаини сомонаи ҳангоматалаби фаҳшгуфтори “Ислоҳ.нет”-Муҳаммадиқболи Садриддин (садқаи ҳамин ному насабаш кунад) ва ҳамтоёни ин ҷиноятпешшаву хиёнатпешаи миллати тоҷик Саидюнуси Истаравшанӣ, масъули шабакаи “Кимиёи саодат”, Мирзои Салимпур-не, Салимнорасо-масъули саҳифаи Ахбор-ком ба қавле ба сиёҳкунии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии нопокзода-Муҳиддин Кабирӣ озмун эълон кардаанд, боре дар ҳаққи миллат ва давлати тоҷикон чунин ғамхорию дилсӯзӣ пайдо шуда бошад?! – Ман мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ, чунки ин тоифаи хиёнатпешаи миллат тавони шинохти миллату давлатро надоранд. Пулу пайсаи хӯҷаинонашон он қадар чашмонашонро кӯр кардааст, ки имрӯз ба ҳаёт ва осудагии миллати тоҷик бозӣ кардан мехоҳанд. Дар сураи “Бақара” ояи ибратбахше ифода ёфтааст, ки ҳар як инсонро ба некӯӣ ва накӯкорӣ даъват мекунад. Саволе ба худам медиҳам: агар ин исломситезу исломгароёни рубоҳмиҷоз заррае мусулмонӣ медоштанд, чаро аз ин ояи Қуръони карим панде нагирифтанд, ки нагирифтанд. Ба ақли доштаам қазоват мекунам, ҷинояте, ки дар ҳақи Тоҷикистону миллати тоҷик содир кардаанд, то явми қиёмат бахшида нахоҳанд шуд.  Ин бас набуд, ки аз сари нав барои ҳама сокинони кишвар фаҳмонданӣ мешавед, ки сиёсати нодурусти роҳбарияти давлат, боз махсус қайд мекунед, ки Роҳбарияти олии мамлакатро итоат накунед. Ман мегӯям, ки шумо-мубаллиғони гӯру имонсухта г...ра ба даҳону забонатон хурдаед...

ПОЁНИ ҚИСМИ 1

Идома дорад.

Маҷидзода А.  Нашрияи “Гулистон”

Ҳеҷ овозе нест