НАҲЗАТИЁН-САРБОЗОНИ ШАЙТОН. Қисми-2

Шукрона мекунам, ки имрӯз хурду бузӯрги миллат аз кадом тоифа будани шумоён-падарсагҳоро медонанд. Дониста бошед, дурусттараш хуб ҳам медонед, ки дигар ксе аз кишвари тоҷикон аз қафои шумоён зоғҳои бадмур нахоҳанд рафт. Ҳамин қадараш аламовар аст, ки шумоён палидҳоро ҳам тоҷик мегӯянд. Агар тоҷик мешудед, ин роҳа ихтиёр намекардед. Пас кистед, шумоён?!

Бо имони комил мегӯям, ки шумоён пасмондаҳои ҳамон муғулони хунхор ҳастед. Акнун бароятон таасуроти як афсари русро, ки дар солҳои аввали ба Осиёи Миёна соҳиб шудани Россияи подшоҳӣ дар инҷо будаасту ба миллати тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо карда будааст. (Александ Серебрянников-1986), масал меорам: “Шиносоии наздик бо тоҷикон ва омӯзиши хулқу рафтор, анъана ва тарзи ҳаёти ин миллат дар дили кас ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми зиёд гузаштанро ба ин халқи меҳнатдӯст, ки дар зиндагии хеш басо таъқибу азият дида аст, бидуни ихтиёр бедор месозад ва ҳайратеро дар аъмоқи дили мо падид меорад, ки чи сон дар рағми ин ҳама, ин халқ аз рӯйи замин нопадид нашуд, балки шакли ориёии худро ба тозагӣ ва покӣ нигоҳ дошта тавонист”. Гуфтаи ин афсари рус исботи он аст, ки воқеан ҳам шумоён тоҷикзода-ориёӣ нестед!

Дар мавриди бемории коронавирус-КОВИД-19 Тоҷикистонро сиёҳ кардаед!

Дониста бошед, ки камтарин осебро дар байни кишварҳои олам Тоҷикистон дидааст, мо сокинони ин диёр инро аз баракати сарвари Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем. Дар ҳар як шаҳру вилояти кишвар барои ҷойгир кардани беморон аз будаш зиёд барои қабули беморон ҷой таёр карда шудааст. Ҳамтоятон Муҳаммадиқболи (беиқбол) Садриддин дар атрофи табобати беморони КОВИД-19 дар куҳистони Мастчоҳ чиҳое налақидааст. Ай беҳаё, ту тавассути шабакаҳои телевизионӣ мебинӣ, ки куҳистони Мастчоҳ чи қадар обод шудааст. Миллатзадагиаш бас набуд, ки дар нисбати ватани ободи мо бад мегӯӣ?! Медонед, ки тамоми Тоҷикистон он қадар ободу зебо шудаанд, он қадар пеш рафтаанд, ки тую ту баринҳо душманони ин миллату давлат ду чашм-не, агар даҳ чашми дигар дошта бошед, некаш намегуфтед. Аз ин лиҳоз ба ин тоифаи беиқболҳову Мирзо бачаи Салимак, Сайдюнуси Истаравшанӣ(даҳонаш молаи хок шавад), Муҳиддин Кабирӣ(қурбоққа ҳам пояшро нал задааст) мегӯем ва ҳама вақт хоҳем гуфт, ки мо тоҷикон таҳти сарварии Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон имрӯз хушбахттарин миллатем ва кишварамон Тоҷикистон дар як даҳсолаи дигар пешрафтатарин давлати дунё хоҳад шуд.

Дар охир дар ҳаққи шумоён – палидони миллат ҳамин мақоли тоҷикиро, ки мазмуни баланди фалсафӣ дораду хеле тунд ҳам ҳаст, мегӯям:

“Саг меҷакаду раҳакӣ ба роҳаш меравад”

Мавлонои Балхӣ ҳам аз харкаллагии муддаӣ хулоса бароварда, аҷаб панде додааст:

Муддаӣ хос аст, ки аз бех канад решаи мо,

Ғофил аз он, ки Худо ҳаст дар андешаи мо.

 

А.Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест