КАБИРИИ МУТТАКАБИР

kabbirriya 4_3.jpg

Кабирии хоини миллати тоҷик дар баромадҳояш дар Аврупо аз арзишҳои демократӣ ва дунявӣ суханронӣ карда, ба тарғибу ташвиқи худу пайравони наҳзатиаш даст зада истодааст. Ӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Ютуб” ва “Фейсбук” пахшҳои мустақими худро доир менамояд. Бо ин роҳ ин хоин мехоҳад гузаштаи террористии худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ пинҳон карда, наҳзатиёни террористро дар чеҳраи нави дунявию демократию либералӣ нишон бидиҳад.

Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳиллаю найранги навбатии Кабирии хоин буда, мақсадаш сафед кардани худу пайравони хунхори наҳзатиаш ва роҳ ёфтан ба баъзе аз ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати дар оянда амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноку ифротии худ мебошад. Бо ин мақсад мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ифротӣ бо нашри матлабҳои сохтаю бофта, нисбати давлату миллати тоҷик суханҳои дурӯғину туҳматангез мезананд ва бо ин роҳ, мехоҳад худро миёни мардум ҳамчун «ғамхор», «халқпарвар» нишон диҳад. Вале ҳамаи ин «худсафедкуниҳо»-и у ва пайравонаш ягон натиҷае нахоҳад дод, чунки ҷаҳониён аллакай аз рафтору кирдори ин разилони наҳзатӣ, зулму ситами онҳо нисбат ба мардум, қатлу ғорати аҳолии осоишта дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, огоҳ ҳастанд.

Бояд зикр кард, ки Кабирӣ аз дур истода аз сиёсату иқтисодиёт лоф мезанад, лекин дар ин чанд соле, ки бо ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, вакили мардумӣ буд, барои беҳбудии аҳолӣ заррае хизмат накардааст. Баракс чи боигарие, ки миллату давлат дошт ғасб кард, ғорат карда, хурду бурд. Баъдан таҷриба нишон медиҳад, ки нафари мафкураи динӣ-ифротӣ ва террористӣ дошта дар ягон ҳолат ба арзишҳои миллӣ, демократӣ ва дунявӣ майл намекунад, аз он ҷумла Кабирию пайравони наҳзатиаш.

Имрӯз боз ҷавонони соддадили навро ба майдон мехонанд. Ба ҳизби ифротии худ даъват мекунанд, ки ину он медиҳем. Мутаассифона, дар Тоҷикистони азизи мо низ аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон ба ҷанги хонумонсӯз кашида шуд.

Аз ин рӯ ҳар як ҷавони миллати куҳанбунёди тоҷикро ба он даъват менамоем, ки арзишҳои волои истиқлолияти давлатиро қадр намуда фирефтаи чунин инсонҳои хиёнаткор нагарданд.

 

Қурбонов Ҳ, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест