ИФРОТГАРОЁНИ МАЛЪУН

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар заминаи эътиқодоти динии амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Бадбахтона, баъзан шахсоне ҳастанд, ки аз доираи ходимони дину уламои кишвар ва гурӯҳҳои алоҳидаи динӣ – сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИ то ҳол аз таҷрибаи талхи гузаштаи ба сари миллат омада натиҷабардорӣ накарда, барои расидан ба мақсадҳои муғризонаи худ ва иҷро намудани супоришҳои хоҷагони бегонаашон бо сӯистифода аз сатҳи пасти маърифати динию дунявии мусулмонон, бахусус ҷавонон, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки мардуми мусулмонро аз тариқи дини мубини ислом ҳар чи бештар вориди бозиҳои сиёсӣ карда, байни мардум тафриқаи динӣ эҷод намуда, фазои динӣ-сиёсии кишварро муташанниҷ созанд.

Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуда, ба халалдор сохтани амнияти миллии давлатҳои гуногун мусоидат намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ин зуҳуроти номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода муваффақ низ гардид. Мутассифона, дар ҷомеа гурӯҳҳое пайдо гардиданд, ки бо истифода аз эътиқоди мардуми мусалмони кишвар дини мубини исломро ҳамчун воситаи ноил гардидан ба манфиатҳои худ истифода менамуданд ва баъзе гурӯҳу ҳизбу ҳаракатҳо омили низоъу муноқишаҳои гуногун мегардиданд. Аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо ҲНИ ба ҳисоб меравад, ки ахиран ниятҳои нопоки онҳо ошкор гардида фаъолияти онро Суди Олӣ манъ намуд. Дар ин замина мо бояд таҳдид аз хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Чуноне ки таҳқиқотҳои муҳаққиқон дар ин ҷода нишон медиҳад тундгароӣ дорои навъҳои гуногун буда, асоситарини онҳо радикализми сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ маҳсуб мешаванд. Воқеияти ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи инсонӣ имрӯз дар навбати аввал бо радикализми динӣ рӯ ба рӯ гашта, бештар ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки радикализм – зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад. Ифротгароӣ бошад маънои ифрот, зиёдаравиро дошта, дар он гурӯҳҳо ва ё ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ва амалӣ гардонидани мақсадҳои моҷароҷӯии худ зӯригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебаранд. Ифротгароӣ агар характери сиёсӣ пайдо намояд, яқин аст ки аз тарафи ягон гурӯҳи муташаккил ба мақсади бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва бо роҳи маҷбурӣ таҳмил кардани ақидаҳои ифротии худ таъсис шудааст. Аз ин рӯ, ифротгароии сиёсӣ барои амнияти давлатӣ ва ваҳдати миллии кишвар омили хатарнок дониста мешавад.

Ҳамарӯза мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем, ки дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳони ислом вазъият ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки воситаҳои технологияҳои иттилоотии муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вконтакте, твиттер ва ғ.) аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғу ташвиқи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Онҳо ба ин васила аз дин ва эътиқодоти динӣ истифода намуда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне низ дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори “ҷиҳод” инфрасохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ сохтан мехоҳанд...

Поёни қисми 1-ум

Ҳеҷ овозе нест