ИФРОТГАРОЁНИ МАЛЪУН Қисми-2

Чуноне ки гуфтем, яке аз сабаб ва омилҳои хусусияти сиёсӣ касб кардани дин дар ҷаҳони ислом, бахусус дар кишварҳои навистиқлоли Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз давлатҳои рушдкунанда ба ҳисоб мераванд, ин муборизаи давлатҳои абарқудрат ба мақсади дар зери нуфузи худ ворид сохтани ин кишварҳо мебошад. Мамлакатҳои қудратталаб барои васеъ намудани доираи манофеи геополитикии худ аз роҳу усулҳои мухталиф, аз таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротгароӣ дошта ва интиқоли онҳо ба кишварҳои мусалмонӣ ва аз тариқи онҳо ба вуҷуд овардани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар ин кишварҳо замина фароҳам оварданӣ мешаванд. Чунки ба вуҷуд овардани вазъи ихтилофноки динӣ-сиёсӣ истифода кардан аз эътиқоди динии мардум роҳи аз ҳама осонтар ва ба матлаб наздиктар аст ва таърихан усули санҷидашуда низ мебошад. Сиёсисозии дин ҳамеша ҳамчун омили афрӯхтани низоъҳои динию мазҳабӣ, этникӣ-миллӣ ва бархурдҳои сиёсӣ хизмат карда ва монеа дар роҳи таҳкиму рушди давлати миллӣ ва умуман ваҳдати мусулмонон будааст. Ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи сиёсисозии ислом кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳокимияти сиёсиро ғасб намуда иродаи худро ба амал бароранд. Вобаста ба он, ки кадоме аз ин ҳизбу ҳаракатҳо имконияти ба сари қудрат омадан доранд, давлатҳои абарқудрат ин ҳизбу ҳаракатҳоро пуштибонӣ карда, тавассути онҳо нақшаҳои геополитикии худро дар ин ё он минтақа амалӣ месозанд. Дар чунин шароит сиёсисозии дин ва дар ин замина барангехтани низоъҳои динӣ - сиёсӣ барои давлати миллии рушдкунанда хеле хатарзо мебошад.

         Аз ин рӯ дар давлатҳои миллии рушдкунанда маҳз муносибати фарҳангӣ-арзишӣ ба дин яке аз омилҳои муҳими суботу амнияти ҷомеа буда, чунин тарзи муносибат ба дин ба рушди давлати миллӣ ва баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт давлати дунявии Тоҷикистон низ тӯли биступанҷ соли истиқлолияти худ як қатор чораҳои мушаххаси ҳуқуқӣ андешид. Қабули қонунҳо “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад. Риояи қонунҳои мазкур барои рафъи хурофоту ифротгароии динӣ, танзими анъанаву маросимҳо, пурзӯр кардани назорати иҷтимоӣ ва дигар нақшу вазифаҳои волидайн ва калонсолон ҷиҳати дар руҳияи хушахлоқӣ, ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонон, инчунин решакан кардани падидаҳои номатлуби хусусияти хатарноки диниву сиёсидошта мусоидат менамояд.

Поёни қисми 2...

Ҳеҷ овозе нест