САЙИДЮНУСИ ИСТАРАВШАНӢ, Ё ДОМОДИ БЕҚАЛИН

 

Рўзхои сипаригашта дар шабакаи иљтимоии Фейсбук наворе интишор шуда буд, ки модаре нисбати номардию ноадолатии Сайидюнуси Истаравшанї норозигӣ баён мекунад. Ин модар – модари Сумая худро муаррифї намуда, иброз медорад, ки  чи гуна  Сайидюнуси Истаравшанї Сумаяи духтар ва шавњарашро ба доми фиреб афтонда, ба манфиати худаш истифода бурдааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ падари Сумаяро ваъда медиҳад, ки духтарашро барои таҳсил Ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бурда, ба ў ҳамаи шароити хуби зиндагиро таъмин менамояд. Аммо ин палиди нобакори Сайидюнуси Истаравшанӣ Сумаяро бурда ба кадом мактабе дохил намуда, Сумаяи 18-соларо бе қалину бе фатир зани 4-уми худ мекунад, ки ин духтар ҳамсоли наберааш мебошад.

Ваќте, ки хиёнаткориҳои аъзоёни ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аён гардид, роҳбарону ҳаммаслкони ҲНИ бо роҳбарии Муҳидин Кабирӣ сару калобаашонро гумм намуданду танҳо роҳи гурез мекофтанд. Он ваќт ѓайр аз ҷони худ дигар кас барои онҳо арзиш надошт. Сайидюнуси Истаравшанӣ аз зани 2-юму 3-юму 4-ум фаромуш кардааст.

Модари Сумая наќл мекунад, ки писраш ба ҷустуҷуи Сумая ба Ҷумҳурии Исломии Эрон меравад, то хоҳарашро ба ватан баргардонад. Аммо ин Сайидюнуси Истаравшании норавшану торик барои Сумая ягон ҳуҷате накардааст ва бе ҳуҷат Сумая ба ватан баргашта наметавонад. Аз ғами Сумая падару бародараш ин дунёро падруд гуфтанд. Модари Сумая бошад, 5 фарзанди аз писараш саѓерамондаро тарбия дораду лаънати Худоро ба Сайидюнуси Истаравшанӣ мехонад.

Акнун мо боз шоҳиди як хиёнтакориҳои яке аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба мисоли Сайидюнуси Истаравшанӣ гардидем, ки онҳо на танҳо хиёнат ба ватан, балки бо оилаҳои худ низ доранд. Онҳо зери шиори ислом ҳамаи мардумро фиреб намудаанд, ки оќибат дар фиреби Худо задаанд.

Дар баробари Сайидюнуси Истаравшанї боз дигар ҳаммаслакони гумроҳи Кабирӣ  Мирзои Салимпур, Муҳаммадиќболи Садриддин, Темури Варқӣ, ва дигарон низ имрўзҳо дар замони авҷи ҳамагирии бемории сироятии коронавирус аз хиёнату разолати ноҷавонмардонаи худ даст накашида, баръакс ба ҷои тасаллияту ҳамдардӣ ба ҳамватанон туҳмату маломат ва нотавонбиниро шиддат бахшида, бо ин аъмоли зишти худ мехоњанд нуфузи эътибори мардуми шарифи Тоҷикистонро паст зананд.

 

Вадудов Тоҷиддин, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест