ТИРАНДОЗӣ ДАР САРҲАДИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Тибқи изҳороти неруҳои марзбонии кишвар, тахминан соати 04-и субҳи санаи 06-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"-и ҚС ҶҚ аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи "ТОЗ-8" истифода намудааст, захм бардоштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст.

Гуфта мешавад, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

Ёдрас мешавем, ки хафтаи гузашта Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни сафари кории худ ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ин деҳоти дурдасти наздисарҳадӣ иншоотҳои бунёдшавандаро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода буд. Дар Ворух сохтмони як бинои иловагӣ ба мактаб, як мактаби нав ва азнавсозии Қасри фарҳанг идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии таълимӣ дар мактаби рақами 23 барои 240 ҷойи нишаст, бо арзиши лоиҳавии 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ асосан ба анҷом расида, айни замон муҷаҳҳазгардонии иншоот ва ободу зебо гардонидани ҳудуди он ҷараён дорад. Сохтмонии мактаби наву замонавӣ дар маҳаллаи наздимарзии Сангтӯдаи деҳоти Ворух, ки аз 3 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, барои таҳсили 720 нафар дар ду баст пешбинӣ гардида, арзиши лоиҳавии он 8 млн. 240 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тибқи нақша идома дорад.

Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни сафари кориаш ҳамзамон бо омӯзиши вазъи омодагии муассисаи таълимӣ ба соли нави таҳсил бо ҳолати корҳои азнавсозии Қасри фарҳанги ҷамоат, ки низ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ дар ҳаҷми 12 млн. сомонӣ навсозӣ мегардад, аз наздик шинос шуд.

Бойматзода А, "Гулистон"

Ҳеҷ овозе нест