Ѓаюров: Литсей ба ќабули хонандагон омода аст

20200805_121614.jpg

 

Ѓаюров Сайвалї директории литсейи №1 ба мо иттилоъ дод, ки литсей пурра ба ќабули хонандагон барои солњои тањсили 2020-2021 омодааст. Њамчунин Ѓаюров афзуданд, ки имсол ба њама мушкилињое, ки коронавирус Covid-19 пешорўямон овард нигоњ накарда, бо љалби падару модарон дар давоми тањсили тобистона муассиса пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Се синфхона химия, физика ва технологияи информатсионї бо мизу курсї ва таљњизотњои њозиразамони электронї муљањњазонида шуд. Дари сифхонањо, ки фарсуда буданд иваз гардида, роњравњо бетонпўш ва девору фаршњои синфхонањо рангу бор дода шуданд. Бештари корњо бо мадади омўзгорони муассиса ба анљом расонида шуд. Сањми омўзгорон Мирзоев Њикматулло, Муњиддинов Ёќубљон, Муродов Сунатулло дар таъмиру тармими муассиса назаррас аст, ки ташаккур ба онњо- гуфтанд ќаноатмандона роњбари муассиса.

20200805_121228.jpg

Њамзамон Ѓаюров ќайд намуданд, ки хонандагони литсей њамасола дар озмуну олимпиадањои фаннї фаъолона иштирок намуда, љойњои намоёнро ишѓол мекунанд. Аз шумораи 50 нафар хатмкунандагони имсола 45 нафарашон тавассути Маркази миллии тестї ба донишгоњу донишкадањои љумњурї роњ ёфтанд. Хушбахтона панљ нафари онњо соњиби квотаи Президентї гардиданд. Албатта ин самараи зањмати шабонарўзии омўзгорони муассиса мебошад. Имсол њам талош бар он меварзем, ки аз имкониятњои мављуда самаранок истифода намуда, сифати таълиму тарбияро боз њам баланд бардорем ва Љашни 30- солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро бо дастовардњои арзанда пешвоз гирем.

 

И. Сайдањмад

20200805_121347.jpg

Ҳеҷ овозе нест