МАНСАБТАЛОШИИ НАҲЗАТИЁН

Имрӯз давлати Тоҷикистон бо доштани ҳашт миллион нафар аҳолии хеш дар ҷаҳон бо Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати абарқудрат ва сулҳофар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар тамоми дунё омӯхта мешавад. Албатта давлате, ки қудрат, овоз, сарҳад дорад ҳар ҳодиса рух медиҳад, ки ин қонуни давлату далатдорӣ аст. Марзи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлолро аз чор гӯша фарзандони бонангу номус, ҷонфидо бо ҳисси ватандорию мардонагӣ ҳимоя менамоянд ва қодиранд, ки баҳри ҳимояи марзу буми хеш ҷони худро фидо созанд.

Аммо, шайтонсифатоне ба монанди Саидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслакони Кабирӣ тавассути камераҳои махсус бо овози ларзону тарсон навиштаеро мехонаду сипас онро тавассути шабакаҳои интернетӣ пахш мекунад. Дар ҳақиқат ҳайфи он умре, ки Худованд ба Кабирию ҳаммаслаконаш додаасту сарфи умри ширин накарда, доимо бо тарсу ҳарос ва иҷрои супоришу дастурҳои хоҷагонаш мекунанд. Онҳо аз кори кардаашон ҳазор маротиба пушаймонанд, аммо чи кунанд, ки пеши маблағҳои хурдаашон бечораанд, зеро ҷони худашон тангае арзиш надорад.

Ҳаромзода Муҳидин Кабирӣ дар курсии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳалимзода Назар дар курсии муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадрӯзи Искандаров – дар курсии директори Тоҷик-комунсервис ва даҳҳо нафарро номбар намуд, ки дар курсиҳои мансабӣ нишаста, ба ин давлат ва ин миллат хиёнат намуда, эҳсосоти милати тоҷикро бо ду пули ночиз ба хоҷаҳои хориҷиатон фурӯхтанд.

Дар баёни Истиқлолу арзишҳои он, Ваҳдат ва сулҳу субот сухан нагӯед, зеро барои бунёди Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ саҳме нагузоштаед, баръакс он ҳама нокомиҳо, хориву зориҳо бо ташаббуси шумо ба сари ин миллат омад. Шумо қадри Истиқлолият, худшиносӣ, сулҳу суботро аз куҷо мефаҳмеду дарк мекунед, чун чи бо шумо сухан гуфт ва ё ба гӯши хар ашула хонд, ҳарду якест. Хар аз шумо дида болотар аст, чун ба соҳибаш хизмати содиқона мекунаду хиёнат намекунад.

Онҳо барои пардохти маблағҳои хурдаашон чӣ азобҳое кашида истодаанд. Гирдиҳамоӣ, иғвоҳо, маҳалгароӣ, табаддулотҳоятон фоида накарду акнун даст ба пахши наворҳои иғвоангезатон зада истодаанд.

Мо мардуми куҳансолори тоҷикро мебояд пайи ҳақиқат талош варзем, чашмонамонро кушода кунем, сиёҳро аз сафед фарқ кунем ва вақти он расидааст, ки ба қадри сулҳу салоҳ ва заҳмату талошҳои пайгирона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.

Адихон Хидиров, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест