ҲНИ – Ҳизби Нафриншудаву Инкоршуда

Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд. Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи чаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эьтироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамояд. Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд.

Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Имруз Муҳиддин Кабирӣ аз иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имруз у инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушанд. Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 29 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИТ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад.Симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфуруш, беимон ва нокас мешиносанд.

Мардуми осоиштаи аз Дарвоз то Мурғоб, аз Зарафшон то Бадахшон ва Рашту Хуталон ҳама ба муқобили ҳамагуна созмони ифротӣ аз қабили ТЭТ ҲНИ мебошанд. Гарчанде дар гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон тарафдорон ва аъзоёни ин ҷараён мавҷуд буданд, аммо дар шароити кунуни нишонае аз фаъолияти ин ҷараёни тудгаро ва ё дастгирии он аз ҷониби сокинон, дида намешавад. Зеро ки мардум дарк намудаанд, ки ҲНИ онҳоро ба роҳи бад ҳидоят мекард.

 

Алихон Хидиров, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест