ХИЁНАТИ КАБИРӢ БА ИСЛОМ

kabbirriya 4_4.jpg

Муҳиддин Кабирӣ на танҳо ба ватану миллати худ, ҳатто ба дини мубини ислом низ хиёнат кард. Чунки ӯ сӯйиистифода аз ин дину ҳизби исломӣ, ки ин ҳизбро истифода бурда ба сиёсат ҷой карда буданд, хиёнат ба ватан ва ба ин дин карданд.

Хоини ватан - М. Кабирӣ чӣ мехоҳад? Аниқтараш на ӯ, балки хоҷагони маблағгузор ва мубаллиғинаш аз Ватани ман чӣ мехоҳанд? Ҷавоб возеҳ аст. Онҳо барои нокомии идеяҳои инқилобии исломӣ дар солҳои 90-ум интиқом гирифтан мехоҳанд. Онҳо ташнаи содир намудани инқилоби исломӣ ба кишвари мо мебошанд, вале дарк намекунад, ки дар давлате, ки принсипҳои бунёдии демократии ҳукумати халқӣ дар Конститутсия сабт шудаанд, мавқеи зиёиён хеле мустаҳкам аст, зан на танҳо сарчашма ва рамзи гармӣ, манбаи некӯаҳволии муносибатҳои оилавӣ, балки ҳовии фарҳанги сиёсӣ мебошад, мафкураи исломкунонии ҷомеаи тоҷикро намепазирад.

Онҳо - душманони Ватани ман, мисли кӯтоҳандешони сиёсӣ, оқибатҳои муқовимати шаҳрвандӣ, динӣ - сиёсиро дар кишвари мо фаромӯш кардаанд. Аммо мо инро хуб дар ёд дорем ва гиромӣ медорем. Ба ибораи дигар, халқи ман дар муқобили исломикунонии ҷомеа ва сиёсисозии Ислом масуният дорад.

Сарфи назар аз ин, хоинони Ватани ман дар шахси М. Кабирӣ аз мақсадҳои тахрибкоронаи худ даст накашидаанд ва кӯшиш мекунанд, ки кишвари маро ба қуруни вусто ва халқи моро ба ҷарии бе таг партоянд. Чунки идеологияи сиёсии кишвари маълуми исломӣ, ки хоҷагони ӯ аз он мамлакат мебошанд, аз мафкураи судури инқилоби исломӣ об мехӯрад. М. Кабирӣ афзор, лоиҳаи онҳо аст, мисли Яҳудо, ки муқаддасот ва Ватани худро фурӯхта буд. Ӯ - шахси (персонажи) манфӣ ва ҳодии ин маъракаи девонавор аст.

Ба тӯҳматҳои ошкорои М. Кабирӣ ва атрофиёнаш нисбати ҳокимияти иҷроияи мо таваҷҷӯҳ намоед. Он ки вай бо хиёнаташ ба манфиатҳои кишвари ман ба обрӯи сиёсии давлати ман зарари маънавӣ мерасонад, ба чашм аён аст. Оё касе метавонад дар ҷаҳон ягон мухолифи сиёсии дигареро мисли М. Кабирӣ пайдо кунад, ки ақоидаш то ин дараҷа поин омада бошанд, ки ҳатто аз фоҷиа - беморие, ки тамоми ҷаҳон, тамоми инсониятро ба даҳшат овардааст, кароҳият надошта бошад.

Мутаассифона на иқтисодиёти муқтадир ва на тибби рушдёфтаи муосир ба бисёр кишварҳо кӯмак накард, ки бо пандемияи коронавирус муқовимати комил намоянд. Гузашта аз ин, талафоти ҷонӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои рушдёфта дар муқоиса бо кишварҳои рӯ ба тараққии аз лиҳози иқтисодӣ ҷавон ба маротиб зиёдтар аст. Падидаи уфунати коронавируси нави COVID-19 аз ҳамин иборат аст. Вале нодида гирифтани ин ҳама, дидаву дониста вазъи вобаста ба коронавирусро бар зарари ҳокимияти сиёсии кишвари худ таҳриф намудан - барои ин корро кардан бояд шахси "сиёсии" дорои сатҳи хоини Ватан - М. Кабирӣ бошӣ.

Ин тӯдаи авбошон таҳти сарварии М. Кабирӣ ҳамчун кӯрон, ноқисулақлон ва сиёсатмадорони заъиф натавонистанд, ки ҳолати воқеъии вази вобаста ба мубориза бо коронавирусро дар ҷаҳон дуруст арзёбӣ намоянд.

Маҷидзода А. мухбири Гулистон

Ҳеҷ овозе нест