БОЗДИДИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ВМКБ

 Ҳафтаи сипаригашта боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят аз 19 то 22 август идома ёфта буд.

Ин сафар чун ташрифҳои қаблии Роҳбари давлат аз ин минтақаи дурдасти мамлакат, бобарор буд, зеро дар давоми 4 рӯз бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо адад иншооти наву муосир мавриди истифода қарор гирифта, ҳамчунин ҷиҳати бунёди як зумра иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд.

Аксари иншооти наве, ки сохтмонашон зимни ин сафар ба нақша гирифта шуданд, то ҷашни фархундаи умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Маҳз таваҷҷуҳи зиёд ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки новобаста ба дурии роҳ ва иқлиму релефи номусоид, ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи дурдасти мамлакат рушду инкишоф ёфта, тадриҷан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил меёбад.

22 август пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Баъди боздиди кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Бадахшон санаи 23-юми август ҷаласаи ситоди вилоятӣ 14 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони идораю муассисаҳои вилоятӣ таъсис дода шуд. Ёдгор Файзов раиси вилоят зикр кардааст,ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 60 маротиба ба ВМКБ ташриф овардааст ва сафари навбатияшро чорабинии муҳим дар миқёси ВМКБ арзёбӣ кард. Бо такя ба таҷрибаи кории кормандони тамоми сохторхои давлатӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ  бояд ин ташрифи роҳбарияти олии мамлакатро чун ҳарвақта бо расму оинҳои неки сокинони "Боми ҷаҳон" ва самимияти хоса ва меҳмонавозии хоси тоҷикони кӯҳистони Бадахшон истиқбол намоем. Ӯ бо мақомдорони вилоят фаъолияти 14 гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагиҳо барои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баррасӣ намуд.

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест