НИШАСТИ ОНЛАЙНИ ҚИРҒИЗОН БО ТОҶИКОН

 

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо муовини сарвазири кишвар Акрам Мадумаров нишасти онлайнӣ анҷом дод ва аз аҳамияти муайянкунӣ ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити пандемияи коронаврус гуфт.

Бино бар иттилои расонаҳои кишвар, дирӯз дар Қирғизистон президент Сооронбой Жээнбеков бо муовини сарвазири кишвар Акрам Мадумаров нишасти онлайнӣ анҷом дод. "Меъёрҳои таъмини амнияти марзи кишвар дар шароити пандемияи коронавирус ва рушди ҳамкориҳои марзӣ, ҳамчунин масоили рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Бодканд баррасӣ гардиданд", - гуфта мешавад дар иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат.

Қайд гардид, ки бо мақсади пешгирии ҳамагуна қазия дар марзи давлатӣ мақомоти маҳаллӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Хабар дода мешавад, ки ба наздикӣ муовинони сарвазири ду ҷониб - Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот хоҳанд кард. Ҳамчунин, роҳбари кишвар аз зарурати кӯмаки ҳаматарафа дар рушди вилояти Бодканд гуфт, ки аҳолиаш дар шароити машкил ба сар мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки Ориф Хоҷазода, раиси кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ахиран дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки то шуйюи вируси корона дар охирҳои марти гузашта, ду кишвар панҷ давр музокироти марзӣ баргузор карданд ва нақшаи муовизаи бархе аз минтақаҳои мавриди ихтилоф ба ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ироа шуд. Ориф Хоҷазода гуфт, тайи чаҳор моҳи ахир амалан раванди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ниҳоӣ кардани созишномаи нишонагузории марзи муштарак ба далели густариши вируси корона мутаваққиф шудааст.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳали ихтилофоти марзӣ, 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Ташдиди ихтилофот дар минтақаҳои марзии муштараки ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд муҷиб шудааст, ки ахиран тарафҳо дар бораи муовизаи замин ва вогузории мутақобили чанд русто ба тавофуқ бирасанд.

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест