ТАҲРИМИ ҲСДТ ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ

 

Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистонро, ки Раҳматилло Зоиров онро роҳбарӣ мекунад, ягона ҳизби оппозитсионии расман сабтиномшуда дар ин кишвар мебошад, ки аз пешбарии номзадаш ба интихоботи президентии рӯзи 11 октябр худдорӣ варзид. Р.Зоиров ин интихоботи президентии дар пеш истодаро, ки санаи 11 октябри соли 2020 бояд баргузор гардад, таҳрим (бойкот) эълон мекунад.Роҳбари ҲСДТ оиди таҳрими худ  5 далел овардаанд:

1. Таъини интихоботи президенти дар санаи 11 октябри соли 2020 ғайриқонунӣ ва зидди модаҳои 67-68 Конститутсияи амалкунанда аст;

2. Ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад ба президенти ҶТ, қи 250 ҳазор муқаррар карда шудааст, ғайриимкон аст, зеро 50 % шаҳрвандони ҶТ дар хориҷ ба сар мебаранд ва наметавонанд дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат дошта бошанд;

3. Қабули қонуни нав дар бораи Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), ки таъсиси он бар асоси принсипи «бепартиявӣ» сурат гирифтааст, аслан аз аъзои ҳизби ҳоким ташкил шудааст. Аз ҷумлаи 31 ҳазор аъзои комиссияҳои интихоботи 25 ҳазорашон аъзои Ҳизби ҳалқи-демократӣ мебошанд;

4. Президенти амалкунанда набояд раиси ҳизби сиесӣ бошад. Раисии ӯ низоми бисерҳизбиро халалдор кардааст ва онро ба низоми якҳизби мубадал гардондааст;

5. Ҳамаи комиссияҳои интихоботи ва субъектҳои пешбарикунандаи номзад ба президенти ҶТ (ҳизбҳои сиёсӣ, маҷлисҳои вилоятии намояндагони халқ, иттифоқи касаба, кумитаи кор бо ҷавонон сохторҳои хокимияти давлатианд ва фаъолияташон ба манфиати президенти амалкунанда нигаронида шудааст.

         Мавзуе, ки Р.Зоиров матраҳ намудааст,  беш аз бист сол аст, ки дар матбуот чун «ҳақиқати бебаҳс» аз ҷониби ӯ иброз мегардад. Р.Зоиров бояд эътироф намояд, ки ҷавоби пурраву мушаххас ба масоили бамиёнгузоштааш дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда дода шудааст. Мутаассифона, воқеияти чун Офтоб равшанро нодида мегирад ва ақидаи хешро «ҳақиқати кул» мешуморад, ки ин шеваи муҳокимаронии ӯ ҷуз аз ба иштибоҳ андохтани мардуми кишвар чизи дигар нест.

Алихон Хидиров, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест