БА ВАТАНФУРӮШОН БОВАР НАКУНЕД
Аз айёми Истиқлолият ба даст овардани мардуми тоҷик на камтар аз 29 сол гузашт. Ин рақам дар назди таърих муддати зиёде набошад ҳам, вале мо роҳи басе мушкилу печ дар печро тай намудем. Агар онро мухтасар карда гуем; мо роҳеро тай намудем, ки он ба назар афсонави ва пурфайзу баракат аст. Мардуми заҳматкашу адолатпарвар, инсондӯсту ҷасуру диловар, созандаю озодкор, бунёдкор, дурбин ба мушкилиҳои зиёде дучор омаданд, ки ба ёд овардани онҳо баъзан нанговар бошад ҳам, боз боиси ифтихор аст.
Дар ин айём як зумраи калони салтанатҷуёну дар гирди бо ном ҳизби наҳзати исломӣ ҷамъ омада, дини мубини исломро ниқоб намуда, барои мақсадҳои разилонаи худ ба даст овардани хокимият ва ташкил намудани давлати исломӣ бо ваъдаҳоих оми худ мардумро гумроҳ намуда, онҳоро ба ҷангу хунрезӣ кашиданд. Дар натиҷа ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ овораю гуреза гашта, дар мулкҳои бегона ғарибу бенаво ва бесаробону хонаю куй монданд. Дар диёри ҳамсояамон Афғонистон бошад қабристони тоҷикони гуреза пайдо гашт. Ҳамаи ин натиҷаи ҳамон наҳзатиёни хунталабанд, ки имрӯз ҳам аз иғвою куштор сер нашуда, барои ниятҳои хеш ҷанг мекунанд. Имрӯз Тоҷикистони шукуфтарӯи мо бо роҳбарии марди хирадманди замон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи бузурги бунёдкорию ободгарои қадамҳои устувор гузошта, ба қуллаҳои баланди рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва маърифат расида истодаем. Акнун кишвари моро дар тамоми олам зиёда аз 150 давлат ба расмият мешиносанд. Роҳбари миллати моро бошад дар миёни олам ҳамчун як сиёсатмадори бохирад ва боэътибор эътифоф менамоянд. Аз ин лиҳоз акнун бе ягон муарифгар ҳамчун як мамлакати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд шиносномаи хешро дорад. Сокинони ватани мо аз чунин ватани озод, ободу осоишта самимона шукр мегуянд ва ифтихор мекунанд.
Бояд бо ҳисси таассуф иброз намоем, ки баъзе ашхоси тамъакор, номард, ваватанфуруш, бо номи Кабирӣ (гуфтани номи ӯ барои манн нанговар аст, Кабирӣ нею кофири мегуфтандаш дуруст мебуд) ва шогирдонаш махсусан, ҳамдиёри мо Шарофиддин Гадоев аз ҳамаи ин дастовардони бузурги мо дарун-дарун месузанд, ҳисси бухлу ҳасад ва нотавонбинӣ дар вуҷуди онҳо алҳол ғалаба кардааст. Вале аниқ аст, ки онҳо дар чораҳои зиндагию амалҳои разилонаашон ҳайрон мондаанд. Онҳо ба ғайр аз як амал, яъне дар ҳақи роҳбарон суханони зишту борони туҳмат навишта, хабарҳои интернетӣ, фитнаю иғворо паҳн мекунанд. Ин ба он мазмунест, ки корвони бузург бо роҳи мақсади олии худ равона асту онҳо бо тири фалахмону ғулак ва бо дастони ифлосашон ба суи онҳо сангу сафол мепартоянд. Ман аминам, ки палидҳо аз об равшантар медонанд ва дарк намуданд, ки амалҳои иғвогаронаю душманонашон ҳеҷ гоҳ эътибори онҳоро боло намекунанд. Ва ҳеҷ гоҳ обрую нуфузи Тоҷикистони азизиморо паст зада наметавонад. Чуноне, ки шоир мефармояд.
Санги бадгавҳар агар косаи зарр ин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.
Онҳо инро ҳам медонанд, ки дигар роҳи ақибгардӣ нест, зеро дар назди хоҷагони аҷнабии хеш умре қарздоранд. Ва ин қарзи худро ба ивази амалҳои нопоки худ хиёнат ба Ватан иваз намуданд. Ин амал онҳоро ҳамчун нишон ва шаҳодати номардӣ гуфта баҳо диҳем, кам аст. Ин ба он маъно аст, ки ифротиён ба номи миллате, ки соҳиби тамаддуни ҷаҳонӣ буда, тоҷик ном дорад ва алҳол инро оламиён эътироф намуданд, иснод овардан аст. Ин амал маънои онро дорад, ки наҳзатиёни манфур ба руи хеш туф мекунанд, сафедро сиёҳ мегуянду некро бад. Онҳо курдиланд, ки гарчи чашми бино дошта бошанд ҳам, оҷизанд. Ин барояшон бадбахтии марговар аст. Зеро онҳо дигар на Ватан доранду на ёру дӯстони наздик, Онҳо Ватан мегуянду вале ватан надоранд, зеро Ватан, халқ ва ҳамдиёронамон онҳоро кайҳо нафрат кардаанд.
Кабири ва Гадоев гумроҳшуда ҳоло ҳам як чизро фаҳмиданд намехоҳанд, ки кур асояшро як бор гумм мекунад, вале онҳо онро кайҳо гумм кардаанду ба чоҳе бе таг афтоданд, ки аз даруни он чоҳ нолишу ҷонканиашон ба гуш мерасад. Ношукрии ин Ватани биҳиштосои мо карданд ва ин ношукри онҳоро ба ҳолати ногувору нанговар гирифтор намудааст, ки аз ин чоҳи бе таг халосӣ ёфтан ғайриимкон аст.
Фаъолияти ташнавори террористии дар кишварамон мамнуъи наҳзати мудом дар такопую талоши он аст, ки ягон хабаре ба давлати орому осоиштаи мо эҷод намояд, зеро барои ин ҳизб андешаву арзишҳои миллӣ қурбе надорад.
Шаҳодати ин онест, ки даҳсолаи охир ва инчунин замоне, ки бемории ковид-19 тамоми оламиёнро ба ташвишу таҳлука андохтааст, душманони миллат бошанд, худро ғамхори миллат метарошанду ин офатро ба манфиати хеш истифода мебаранд.
Мардуми оқилу дурандеши мо махсусан ҷавонони замони мо ба ҳеҷ гунна сафсатагуию ваъдаҳои хому бе решаи ин ватан гумкардагон бояд бовар накунанд, зеро, ки душман ҳамеша душман мемонад. Зарур аст, ки ҳар яки мо ба ҳаёти имрӯза бо чашми хирад назар андозем.
Усмонов Б, “Бонувони Фархор”