ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ХУД ПАЙМОНШИКАНАНД

 

Дар Паёми шодбоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ хотирнишон гардидааст, ки ҳифзи истиқлолу озодии ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳамияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтироми риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти Қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.

Ва агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукумфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд.

Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша дар ёд бояд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд.

Терроризму Экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони мо мебошанд. Хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат, ки нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ҳамеша бадбахтӣ меорад ва дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат, беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ба мардуми шарифу тамаддунофари тоҷик солҳои 90-уми асри гузашта истиқлолияти сиёсӣ даст дод.Ва роҳбарияти давлати тозаистиқлолу ҷавони тоҷикон ба хотири гуногунандешӣ ва рушди бемайлони кишвар ба ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои мардумӣ розигӣ ҳам доданд. Дар миёни ҳама ҳизбу ҳаракатҳо, ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон бо ниятҳои нопоки худ аз назари мардуми Тоҷикистон дур намонд ва бо қарори суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ манъ карда шуд. Ҳақиқат ин аст, ки дар чашми мардуми Тоҷикистон ташкилоти террорисӣ-экстремистӣ ҳизби наҳзати исломӣ як чеҳраи шум, хиёнаткору меҳанфӯруш, ҳувиятбохтаю мазҳабфӯруш шинохта шудааст. Ниқоб аз чеҳраи шуми онҳо кайҳо афтодааст. Ҳатто борҳо аъзои раёсат ва дигар шахсони воломақоми ин ташкиллоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кардаанд, ки ТТЭҲНИ аз замони таъсисёбиаш фаъолияташро берун аз оиннома бурдааст, ҳамеша ниятҳои нопоку разилона доштааст, ҳамеша супоришҳои кишварҳои хориҷиро бо гирифтани маблағи ночизе иҷро мекардааст. Ҳамин аст, ки зуд-зуд ин аблаҳон чеҳраи худро тағир дода, бо номҳои гуногун зуҳур мекунанд ва бо тариқи воситаҳои ахбори омма барои бадном кардани давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ баромад мекунанд.

Масалан дар чанд моҳи сипаригардида роҳбари собиқ ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар кишвари Олмон «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» ташкил намудаанд.

Кумитаи болозикр ҳамон ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки дар кишварҳои Аврупои бо номҳои гуногун зуҳур мекунанд. Аслан Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳоро, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои марбутаи онҳо маводҳоро нашр мекунанд, ки кумитаву созмони нави дуруғину мазҳакавиро таъсис додаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад онҳоро бо ин созмону Кумитаҳои дуруғиашон дигарандешон ва мухолифони сиёсӣ номид. Инҳо худро таърифу тавсиф карда, чунон бузург нишон медиҳанд, ки гуё як қувваи сиёсии ҷиддӣ бошанд ва бояд аз инҳо тарсид. Аммо ҳақиқати ҳол ҳамин аст, ки онҳо як шумораи хеле кам ҳастанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар кадоме бо садҳо номҳои мустаъор саҳифаҳои Фейсбук кушода, баромад мекунанд. Аз ин ру вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанхоҳ, соҳибмаълумоту рӯзгордида аз он иборат аст, ки барои таълиму тадрис ва тарбияи солими насли наврас кушиш ба харҷ диҳанд ва нагузоранд, ки бар асари амалҳои номатлуби онҳо ватани азизи мо ба майдони ҳарбу зарб ва қаламравӣ тороҷгардида мубаддал гардад.

 

Носиров А, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест