ДАСИСАҲОИ “ИСЛОҲ.НЕТ”

 

Мардуми шарафманди кишвари азизамон мехоҳанд, ки доимо дар ватани азизамон сулҳу ваҳдат бошад. Чунки, аллакай боре рӯзҳои хунинро дидаанд ва намехоҳанд, ки ин рӯзҳои сиёҳ боз гардад. Мардуми кишварамон мехоҳанд барои пешрафти илми тоҷик, тайёр намудани мутахассисони ҷавону эҷодкор фазои софу эҷодкорӣ бошад. Вале, намояндагони Паймони милли Тоҷикистон бо баромадҳои худ сулҳу ваҳдати тоҷиконро халалдор менамоянд. Суханрониҳои онҳо, ки дар шаҳрҳои Аврупо ягон асосе надорад. Мисли саг мечаққанд.

Isloh.net аз зумраи сомонаҳои тарафдор ва тарғибгари ақидаҳои ифротии Ташкилоти Экстремистию Террористии Ҳизби мамнӯъи наҳзати ислом ва Паймони ба ном миллӣ мебошад. Дар сомонаи мазкур хабару гузоришҳои бардурӯғи масъули сомона Муҳаммадиқболи Садриддин дарҷ мегардад. Ба воситаи сомонаи худ ин гуруҳи ифротӣ мехоҳанд шуури мардуро вайрон созанд. Лек ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд.

Мо нағз дарк менамоем, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро ба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки мухбири сомонаи ифротиву экстремистӣ аст ва дар кадоме аз давлатҳои хориҷӣ ба косалесӣ ва ғуломии Хоҷагони хориҷиаш машғул мебошад, мисли занҳои лаби ҷӯй бо такя ба тахминотҳои беасос ҳар гуна суханҳои бемаъниашро интишор мекунад.

Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар хоинони пасипардагии миллатро гуфтанием, ки агар онҳо ғами халқу миллати тоҷикро мехӯрданд, имрӯз дар Тоҷикистон истода Ватанро обод мекарданд на аз дур истода, ҳангомаю фолбинӣ кардан.

 

Алихон Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест